ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол арзишест, ки решаи асосии он дар истиқлолияти шахс ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷой гирифтааст. Воқеан, имрӯз нигаҳдорию эҳтирому эътирофи истиқлоли давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мустақилияти ҷумҳуриамон вобастаю пайваста донем.
— Дар бораи Истиқлоли давлатӣ, моҳияти он, дастовардҳои беназираш, дар бораи он ки истиқлол ба мо, ба миллати мо чӣ дод, дар тавсифу ситоиши Истиқлоли давлатӣ он қадарҳо гуфтанду гуфтем, ки ба назар чунин метобад, ки сухани ногуфта намондааст. Аммо истиқлол мафҳуми бисёр паҳновар ва фарогир аст, падидаест, ки пайваста дар инкишофу пешравист, аз ин рӯ назари мо, муносибати мо ҳам ба он, ба моҳияти он, ба ҳимояву пойдории он, ба рушду нумӯи он низ бояд пайваста пеш равад.
Истиқлоли давлатӣ моро соҳиби Ватани таърихиямон намуд, истиқлол миллати моро аз коми фано наҷот дод, истиқлол моро ба мо шиносонд.
Вақте ки дар бораи муносибати мо бо истиқлоли миллату давлатамон меандешем, аввалин саволе, ки пеши худ бояд гузорем, ба андешаи ман ин аст, ки аз худ пурсем: мо дар баробари Истиқлоли давлатиамон чӣ мавқее дорем, барои ин истиқлол чӣ кор кардаем ва чӣ кор бояд кунем? Албатта, барномаҳои ҳукумативу давлатии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони мо чунон ба роҳ монда шудаанд, ки ҳар яки мо тавассути вазифа, касбу пеша, корхонаву идора ва маъмуриятамон дар радифи ҳамагон саҳме барои Истиқлоли давлатӣ гузоштаему мегузорем. Аммо ҳадафи банда аз ин савол паҳлуи дигар дорад, берун аз масъулияту вазифа оё воқеан мо чӣ саҳме дар ободию рушди давлатамон гузоштаему хоҳем гузошт?
Масалан, оё бо раъйи худ, ташаббуси худ коре барои таҳкиму рушди истиқлоламон кардаем, ягон ниҳоле шинонидаем, ягон гулу сабзае парваридаем, аққалан ягон партовро аз сари роҳамон бардоштаем?
Яъне, дарки истиқлолият, дарки Ватан, дарки ҳар гӯшаву канори он чун вуҷуди ягонаи ҷудоинопазир бояд дар сиришти ҳар яки мо ва дар фарҳанги мо мавқеъ дошта бошад.
Барои расидани як миллат ба Истиқлолияти давлативу миллӣ танҳо истиқлолияти ҷисмонӣ, ҳудудиву марзӣ кам аст, агар истиқлолияти маънавии ӯ набошад. Барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ва пирӯзиҳои миллӣ ҳар халқро зарур аст, ки истиқлолият аввалан дар андеша, тафаккур ва шуури он ба даст оварда шавад. Яъне, бояд аввал истиқлолияти руҳӣ ва маънавиро ба даст овард ва соҳиби он шуд. Истиқлолияти руҳӣ ва маънавӣ ҳамон аст, ки ҳар яки мо ва дар маҷмуъ миллати мо маъно ва мафҳуми ватандӯстиро дарк ва дар сиришташ ҷо карда бошад.
Фаъолият ва кӯшишҳои бузургони хирадманди мо, нобиғагони илму адаби мо барои ба даст овардани ҳамин истиқлолият, яъне, истиқлолияти маънавӣ ва ҳамин маънавиёти бузург буд, ки ҳосили заҳматҳои илмию эҷодии бузургони гузаштаи мо буда, давоми таърихи гарону хунин миллати моро аз маҳвшавӣ нигоҳ дошт. Ва имрӯз мо бо ин маънавиёти бузургамон ифтихор мекунем. Имрӯз мусаллам аст, ки дар ин замони таърихие, ки миллати мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ гардидааст, мо бештар аз ҳар вақт бояд такя ба маънавиёти баланди худ бикунем, ин маънавиётро пеш барем, ба пирӯзиҳои нави иҷтимоию сиёсӣ, ба фатҳи арзишҳои нав ва армонҳои тозаи миллӣ бирасем.
Истиқлоли маънавии миллати мо дар чӣ зоҳир мешуд? Пеш аз ҳама дар забон, одоб, фарҳанг ва илму адаби миллати мо! Истиқлоли маънавие, ки миллати моро нигоҳ дошту пуштибони ӯ буд, пеш аз ҳама дар маросим ва ойину суннатҳои баланди миллӣ, дар таълимоте, ба мисли футуввату ҷавонмардӣ падид омада буд. Бунёди ҳамин маънавиёти бузург ва сабақҳои гарони таърихӣ буд, ин истиқлоли пурбаҳои ба дастомада, яъне, Истиқлоли давлатии имрӯзи мамлакатамонро халқи соҳибтамаддуни мо пас аз садсолаҳо, бо баландтарин арҷгузориҳо истиқбол гирифту қабул намуд. Мо худ шоҳиди он шудем, ки ҷоннисорӣ дар роҳи Истиқлоли миллӣ метавонад дар кӯтоҳтарин даврон миллатро ба сӯи комёбиҳое раҳнамун созад, ки давоми садсолаҳо орзу дошту ба он ноил намешуд.
Дар ин ҷаҳони бисёр мураккаб, даҳҳо бор мураккабтар аз гузашта, дар ин ҷаҳони набардҳо, зӯрӣ, инфиҷор, замоне, ки неруҳои зиёдеро ҳирс ва кинаву адоват роҳнамоӣ мекунанд, чӣ мавқеъ ва чӣ неруе бояд дошт, ки аз ҳама ин гирифториҳо раҳо бошӣ ва озоду мустақил зиндагӣ кунӣ? Миллати мо таърихан дар имрӯзу оянда ҳам танҳо як неру доштаасту метавонад дошта бошад- ин неру хирад, илму адаб ва некиву хайрхоҳист, ки миллати моро бо он сириштаанд. Аз замони соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ин муддати кӯтоҳ сиёсати давлатии миллати тоҷик, мавқеи байналмилалии он чунон ба роҳ монда шуда, ки мо дар амнияту амонӣ, бо созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу салоҳ, дӯстиву бародарӣ дар партави ҳадафҳои неки инсониву башарӣ зиндагии осоишта дорем. Танҳо хиради зотӣ ва фарҳанги баланди инсонии миллати мо ва фарзандони наҷибаш метавонанд пуштибон ва кафолати зиндагии осоишта ва хуррами имрӯзу фардои мо бошад.
Бисёр иштибоҳи бузург аст, агар мо гумон кунем, ки тинҷиву осоиштагӣ, сериву пурӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи мо танҳо давлату ҳукумат таъмин мекунанд. Бунёди давлат ва ҳукумат чист, агар ваҳдати милливу руҳияи ватанпарастиву ватандӯстии мо набошад? Неру ва муттакои асосии давлату ҳукумат кист, агар ҳар яки мо набошем? Миллати мо дар ҳамон марҳилаи ҳассоси таърихие қарор дорад, ки танҳо ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ бо такя ба маънивиёти баланду бузургаш, ки аз имтиҳонҳои таърих сарбаландона гузаштааст, кафолати ҳастӣ ва пирӯзии ӯро дода метавонанд.
Хушбахтона, имрӯз мо соҳиби Сарвари ҷоннисору ватандӯст, Пешвои миллати дурандеш ва халқи хирадпешае ҳастем, ки давоми 34 соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мавқеи бегазанди сиёсиву иҷтимоӣ ва сиёсати хайрхоҳонаи башардӯстонаеро пеш гирифтаанд, ки ҳам амнияту пешрафти давлат ва ҳам мавқеъ ва обрӯи байналмилалии онро хеле шоиставу дурахшон дар дунё муаррифӣ менамоянд. Имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносаду эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати мо имрӯз пешгоми ташаббусу иқдоми пурсамари байналмилалӣ мебошанд ва Парчами давлатию иқдоми неки Сарвари он пайваста мавриди таваҷҷуҳи ҷаласаҳои ҷиддии байналмилалӣ ва сарони ташкилоти бонуфузи дунёст.
Дар ин росто масъулияти ватандӯстӣ ва тоҷик будани ҳар яки мо моҳияти таърихӣ пайдо мекунад ва мо бояд ин масъулиятро ба хотири зиндагии шоиста ва номи неку обрӯи арзандаи фазандони ин Ватани таърихӣ ҳаргиз аз ёд набарорем.
Бояд гуфт, ки ҳадафҳои бузургу дурбинонае, ки аз рӯзҳои аввали оғози Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумату давлати тоҷикон ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуданд, руҳияи эҳёи миллату сарзамин, худшиносии миллӣ, шинохти худу ҳувият ва таърихи худро пеш гирифтанд ва пайваста ба пирӯзиҳои роҳи наҷот ва роҳи истиқлолият оварданд.
Оре, ин падида бешабеҳ аст. Имрӯз миллати мо миллатест, ки ҳатто кӯдаконаш коми худро ҳар рӯз бо вожаҳои обдори Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ширин мекунанд. Миллате, ки имрӯзҳо пиру барнояш бо як забон, бо як наво зам-замаи ваҳдату истиқлолият менамоянд. Миллате, ки ҳамагон бо як забон мегӯянд: Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ. Ва дар садои ин вожаҳо тамомии таърихи дурахшон, донишу хирад, суннатҳои волои миллӣ, ҳунар ва истеъдоди ин халқи беназиру ниятҳои неки ӯ ҳувайдо мегардад.
Шояд ҳамин ниятҳои поки Пешвои миллатамон, ҳамин армонҳои хайрхоҳонаи халқи некманишамон ва садоқату муҳаббати ҳама аҳли мамлакат аст, ки имрӯз дар ин ҷаҳони мураккаби норому хатарзо, пур аз зӯроварию куштору инфиҷорҳо Тоҷикистони биҳиштосои мо дар амну амонӣ ва тинҷиву шукуфоӣ ба сар мебарад ва роҳеро интихоб кардааст, ки халқҳоро ба ҳам меорад, ба зиндагии дастҷамъонаи осоишта, ба хушбахтиву некрӯзиҳо ҳидоят мекунад. Дарҳои бози Тоҷикистон дарҳои бози сулҳу дӯстӣ, ишқу муҳаббат, ҳунару санъат ва хайрхоҳиву бехатарӣ мебошанд.
Наметавон нақши фарҳанг, илму адабу дониш, нақши сухану суханварони ватандӯсти моро дар ин раванд нодида гирифт. Сухани адиб, сухани олим, сухани шоир, сухани рӯзноманигорони ватандӯст дар ин марҳилаҳои тақдирсоз дар шинохти ҳувияту асолати миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои баланди эҳёи миллӣ бо раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллатамон тавонист нақши шоиста гузорад.
Миллате аз ҷодаҳои таърих дар партави эҳёи навини худ дар лаб суруди муҳаббату дӯстӣ ва дар дил армонҳои неки инсонӣ ба сӯи ояндаи дурахшони худ равон аст. Ӯ паёми обҳои зулолу ҳастии поку ҳалолро бо худ мебарад ва раҳ ба раҳ сарзамини зарфишону гулафшону сарсабзи худро ба биҳишти инсонҳои неку хайрхоҳ табдил медиҳад. Кош роҳаш бехатар ва дур аз чашмони бад бошад! Кош ба ниятҳои неки инсонпарваронаю башардӯстонаи худ бирасад ва кафолати тинҷиву амонӣ ва бехатарии инсонҳои рӯи Замин гардад!
Дил мехоҳад нидо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бош, эй халқи заҳматдӯст, нексиришту ҷоннисори тоҷик. Дар ин ҷодаҳои хайрхоҳӣ, некиву башардӯстӣ, дар ин самтҳои шукуфоӣ ва бунёдкорию ободгардонии сарзамини бостонӣ Худо ёру мададгорат бод! Кас мехоҳад дуо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бошед Пешвои ватандӯсту ҷоннисор, ятимпарвару фарҳангдӯст, хайрхоҳу некбини миллати мо!
Зиндаву поянда бод Истиқлоли давлатии халқи хирадпешаи тоҷик ва Ваҳдати миллии он- ягона кафолати пойдории ин истиқлолият!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз