Истиқлолият — асоси рушди устувори давлат

Сентябрь 6, 2025 08:34

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ вожа ё ибораи муҳиме мебошад, ки барои мардуми тоҷик аз охири асри гузашта то имрӯз арзиши муқаддас маҳсуб мешавад. Воқеан, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бемисл барои наслҳои гузашта ва неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мебошад.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон аст, ки ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстӣ миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо пирӯзии халқи тоҷик дар асри гузашта, балки дастовард ва мувафаққияти беназари таърихи куҳани ин халқи соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва куҳанбунёд мебошад.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бемисл барои наслҳои гузашта ва неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа бо шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз бо фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлатию ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ пойдор гардид.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард. Тамоми дастовард, пешравӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ ба Истиқлолияти давлатӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамзамон кулли тағйироту дигаргуниҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуданд. Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи сифатан нав – роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ ва илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Дар даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам оварда шуд, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакат ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ интихоб гардад. Тамоми сокинони давлати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ қабул карда шуданд.

Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа маҳз бо шарофати заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Истиқлолияти давлатиро эълон кардан ва онро ба расмият даровардан раванди мушкил аст, аммо нигоҳдории истиқлолияти комил ва мустаҳкам намудани заминаҳои устувори он кори басе вазнин мебошад. Маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар мамлакат таҳкурсии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси пояҳои устувор мустаҳкам гардид. Аз ҳамин лиҳоз ба даст овардани соҳибихтиёрии комил низ дар мамлакат ба заҳмату талош, идоракунии мардумсолорӣ ва хирадмандонаи Пешвои миллат алоқамандӣ дорад.

Мақсади ниҳоии талошу кӯшиши ҳар халқ барои озодӣ ва мустақилияту мухторият дар корҳои давлатдорӣ озодона муайян кардани самтҳои инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Истиқлолият ва озодӣ неъматҳои ба якдигар вобаста мебошанд. Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати беҳамто ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд.

Озодӣ ва Истиқлолият дастоварди муҳими миллат ба шумор мераванд. Пешвои миллат барҳақ иброз менамоянд, ки «тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он равона карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи «миллат», «Ватан» ва «ваҳдат» ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар шаҳрванди мамлакат мубаддал гардад».

Хушбахтӣ, пешрафт ва обруву нуфузи миллат аз Истиқлолият маншаъ мегирад ва миллате, ки соҳибистиқлол аст, он дар ҷомеаи байналмилалӣ соҳиби эътибору мавқеъ мебошад. Дар воқеъ, андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меоварад, ки қабл аз ҳама, моҳият ва мафҳуми Ватану ватандӯстӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар шаҳрванди мамлакат ҷой гиранд ва решадор гарданд.

Дастоварди беҳтарини ҳар давлату миллат, ки инкишофи ҳама соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба он вобастагӣ дорад, ин истиқлолияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар халқу миллат имконият медиҳад, ки озодона самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян намуда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ иштирок ва бо ташаббусҳо баромад намояд. Рушду нумӯи мамлакат маҳз дар заминаи соҳибихтиёрӣ таъмин мегардад, чунки давлати соҳибихтиёр озоду мустақил аст ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи худро муайян менамояд. Истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва бардавомии давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошанд.

Истиқлолият заминаи хушбахтии ҳар миллат маҳсуб мешавад. Хушбахтии миллат- ин оромӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва некӯаҳволии миллат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ ба миллати тоҷик хушбахтии беандоза овард, чунки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҳаёти ҷомеа рушд карда, некӯаҳволии мардум муттасил боло меравад. Ҷиҳати таъмини бардавомии хушбахтии миллати тоҷик мебояд, ки мо заминаҳои Истиқлолияти давлатиро мустаҳкам нигоҳ дорем. Ва ин маҳз тавассути тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, Истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаю суннатҳои таърихию фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба даст меояд.

Дар меҳвари тамоми низоми таълиму тарбия, махсусан таълиму тарбияи ҳуқуқӣ асосан бояд мафкураи истиқлолият ва қадршиносии ин неъмати арзишманд қарор дошта бошад. Ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати беназир эҳтиром намояд.

Фарзона ҒАФУРЗОДА,
Судяи Суди шаҳри Истиқлол

Сентябрь 6, 2025 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри ХI ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад
Дар Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷашни Истиқлолияти давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Дар мавзуи таҳаввулоти суботи Истиқлоли давлатӣ дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ арҷ гузоштанд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд