ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳамоиш аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ давоми 34 сол ёдовар шуда, гуфт, ки «имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми тоҷик дар ҷодаи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ барои ободию осоиштагии ин сарзамин қадам мезанад».
Ба андешаи Ваколатдор, фарорасии чунин солгард ҳам аз назари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳам аз диди сарнавишту арзишҳои миллӣ ва ҳам аз нигоҳи раванди таърихии давлатсозӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи давлатдории муосири миллии мо мебошад. «Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар ин замина моро мебояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем ва неъмати қиматтарини зиндагиамон- истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем», — афзуд Умед Бобозода.
Иброз гардид, ки ин истиқлолият имкон медиҳад, ки дар канори ибрози эҳсоси олӣ ҳамчунин ба роҳи тайшуда назар андохта, бурду бохт ва дастовардҳои ин марҳилаи муҳими таърихи давлатдориамонро ҷамъбаст ва арзёбӣ намоем.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Талабшоҳ Шарифзода оид ба рушди равандҳои муҳими ҳуқуқи инсон дар даврони истиқлолият, паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа изҳори назар намуд. Иброз гардид, ки истиқлол ва мавҷудияти аркони давлатдорӣ ба Тоҷикистон имкон дод, то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.
«Амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад. Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил медиҳанд»,-гуфт Талабшоҳ Шарифзода.
Маърузачиён дар ҳамоиш изҳор намуданд, ки расидан ба истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, бузургтарин неъмати миллати тоҷик дар тамоми давраҳо мебошад. Тоҷикистон танҳо тавассути Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки қарнҳои дароз орзую омоли миллат маҳсуб мешуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»






