Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф

Сентябрь 9, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ба сифати омили ҳастӣ дар зиндагии башар ҳамчун асоси озодии шахсият ва имкони воқеии худмуайянкунии миллатҳо хизмат мекунад. Он ба мардум имконият медиҳад, ки сарнавишташонро муайян намоянд, арзишҳои милливу фарҳангии худро эҳё ва ҳифз кунанд, низоми сиёсиву иҷтимоии хоси худро барпо намоянд ва дар рӯҳияи озодӣ, баробарӣ ва масъулият зиндагӣ кунанд. Мусалламан, ҷомеае, ки дар фазои истиқлолу озодӣ рушд мекунад, ба таври табиӣ ба сӯи адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамбастагии миллӣ гароиш пайдо хоҳад кард.

Ҳамчунин, Истиқлолият шарти зарурии таъсис ва устувории давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ давлатҳо имкони таҳияи сиёсати мустақил, қабул ва татбиқи қонунҳои миллӣ, ҳифзи сарҳадҳо, таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷиро пайдо мекунанд. Истиқлол кафолати бақои забон, фарҳанг, урфу одат ва таърих буда, ба ҳар миллат майдони муносиби таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавиро фароҳам меорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки он на танҳо як рукни сиёсӣ, балки ангезаи аслии тараққиёти илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳост. Давлатҳои соҳибистиқлол метавонанд захираҳои табиию зеҳниро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ монанд, стратегияи рушди худро таҳия ва амалӣ созанд ва дар мизони ҷаҳонӣ бо ҳувият ва манфиатҳои мушаххаси худ баромад намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки пешрафти устувори ҳар кишвар ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза истиқлоли воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар он ба роҳ монда шудааст.

Истиқлолу соҳибдавлатӣ барои ҳар як халқу миллат роҳе ба сӯи озодӣ ва рушди ҳамаҷониба мебошад, ки дар ватани азизи мо низ ин раванд бо талошҳои беохир ва роҳбарии муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Дар воқеъ, кишвари мо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми сарбаланди меҳан дар давраи начандон тӯлонӣ тавонист, ки низоми устувори давлатдориро бунёд намояд, пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии худро таҳким бахшад, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро соҳиб гардад ва дар роҳи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар ин масири пурифтихор таҷдиди шукуҳи фарҳангу ҳунар, эҳёи арзишҳои миллӣ, тавсеаи соҳаҳои маорифу илм, рушди инфрасохтору пояҳои иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ташаббускору амн, аз ҷумлаи дастовардҳои бузургест, ки дар замони истиқлол амалӣ гардиданд ва натиҷаи талошҳои фарзандони фарзонаи миллат мебошанд.

Соҳаи маориф, ки ҳамчун пояи асосии пешрафти ҷомеа ва кафили бақои миллат шинохта мешавад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, бо саъю талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатдории Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Таҳлили таҷрибаи давлатдории миллӣ дар замони Истиқлол собит месозад, ки маориф дар сиёсати давлатӣ ба сифати рукни асосии пойдории давлат эътироф гардидааст. Аз рӯзҳои нахустини истиқлол бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳо барои таҳкими низоми таҳсилот ва тарбияи кадрҳои лаёқатманд равона шуда, маориф ба омили муҳими худшиносии миллӣ ва неруи созанда табдил ёфт. Дар ин масири пурифтихор ҳадафи аслӣ тарбияи инсонҳои бофарҳанг, ватандӯст ва масъулиятшинос дар назар дошта шуда, барои пешрафти ҷомеа саҳми муносибу арзанда гузоштааст.

Рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок эълон гардида, бо маблағгузории мунтазам дастгирӣ меёбад. Тибқи маълумоти дастрас, дар давоми 34-соли истиқлоли давлатӣ ба ин соҳа беш аз 73,6 миллиард сомонӣ равона шудааст. Тибқи нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳоло 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 4,3 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад. Ҳамзамон, зиёд шудани маоши омӯзгорон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (беш аз 20 баробар) далели он аст, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадриҷан эҳё гардида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоии худро касб намуда истодааст.

Дар заминаи сиёсати созандаи давлат ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша дар замони соҳибистиқлолӣ 1435 муассисаи таълимӣ бо 231 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи 1,7 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин дастоварди барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мешавад. Танҳо, дар соли 2025, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 309 муассиса ва синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 94 ҳазор нафар дар саросари кишвар бунёд шуда истодаанд, ки бешубҳа, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва фароҳамсозии шароити муносиб барои омӯзишу парвариш заминаи мустаҳкам мегузорад.

Пешравиҳои соҳаи маориф дар нишондодҳои оморӣ низ инъикоси равшан доранд. Агар соли 1991 дар кишвар 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда амал мекард, имрӯз ин нишондиҳанда ба 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия бо беш аз 2,3 миллион нафар хонанда расидааст. Ин густариши фарогирии таҳсилоти миёна, иловатан, нишондиҳандаи болоравии сатҳи маърифат ва арзёбии таҳсил ҳамчун омили рушди шахсӣ ва иҷтимоӣ дар тафаккури ҷомеа мебошад.

Дар самти таҳсилоти олӣ ва касбӣ низ давлати мо бо суръати баланд ва самтгириҳои воқеъбинона пеш рафта истодааст. Аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соли 1991 бо 69 ҳазор донишҷӯ, имрӯз ин шумора ба 48 муассиса ва 214 ҳазор донишҷӯ расидааст. Ҳамзамон, 65 литсейи касбӣ-техникӣ, 88 коллеҷ ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо зиёда аз 140 ҳазор нафар фарогири соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошанд, ки ба бозори меҳнати рақобатнок ҷавобгӯ мебошанд ва кафолати кадрҳои соҳибкасби миллӣ маҳсуб меёбанд.

Яке аз самтҳои бунёдии сиёсати маориф дар даврони истиқлол фароҳам овардани имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар барои ҷавонони болаёқат мебошад. То имрӯз беш аз 117 ҳазор нафар ҷавонон ба донишгоҳҳои маъруфи 42 кишвари пешрафта фиристода шуда, айни замон 42 ҳазору 400 нафар, аз ҷумла 13 ҳазор духтар, дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Ин дастовард гувоҳи сиёсати хирадмандона ва оянданигарест, ки тавассути он Тоҷикистон дар фазои ҷаҳони мутамадин ҳамчун кишвари дорои неруи зеҳнии баланд ва насли созанда муаррифӣ мегардад.

Тавре ишора рафт, соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё, навсозӣ ва рушди соҳаи маориф заминаи устувор фароҳам овард. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро омили асосии неруи зеҳнии миллат эълон намуда, таваҷҷуҳи пайваста ва заҳматҳои рӯзафзунро баҳри пешрафти он равона карданд. Дар натиҷа, дар кишвар фазои мусоиди таълиму тарбия, бунёди муассисаҳои замонавӣ, рушди сатҳи таҳсилоти касбӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ дар бахши илм таъмин гардид.

Дар ин радиф, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамчун яке аз куҳантарин ва муассиртарин боргоҳи таҳсилоти олӣ дар кишвар, намунаи муваффақи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин донишгоҳ бо иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, симои нав касб карда, бо равандҳои муосири таълимӣ ҳамқадам гардид.

Таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар ба ин муассисаи таълимӣ боиси таҳкими пайвастаи зерсохторҳо ва муҳити омӯзиш гардидааст. Бунёд ва ба истифода додани бинои нави 8-ошёна ба истиқболи ҷашни 70-солагӣ дар соли 2025 ва айни замон бо маром идома доштани корҳои созандагӣ дар биноҳои  10-ошёнаи таълимӣ ва хобгоҳ бо тарҳи муосир ва шароити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ на танҳо заминаи омӯзишу парваришро беҳтар мекунад, балки туҳфаи арзанда ба истиқболи 80-солагии донишгоҳ маҳсуб меёбанд. Ин иқдомҳо бозгӯи онанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба маркази неруи зеҳнӣ ва илмии минтақа табдил ёфтааст.

Бо таърихи 80-солаи хеш донишгоҳ нақши муассир дар таъмини бозори меҳнати кишвар бо кадрҳои баландихтисосро дорад. Ҳазорон нафар мутахассисоне, ки аз ин боргоҳ дониш андӯхтаанд, имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгорон, муҳаққиқон, роҳбарон ва ходимони ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Маҳз ҳамин рисолати устувори таълиму тарбияи мутахассисон аст, ки ба донишгоҳ ҷойгоҳи вижа ва эътибори хоса бахшидааст.

Бо дарки аҳамияти рушди илм ва ҷавобгӯ будан ба талаботи замони муосир, донишгоҳ таҳкими заминаҳои илмӣ-методӣ ва воридсозии технологияҳои рақамиро ҳадафи худ қарор додааст. Иштироки устодону донишҷӯён дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, барномаҳои табодули академӣ ва таҷрибаомӯзии хориҷӣ ба рушди рақобатпазирии муассиса ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Мояи ифтихору шодмонист, ки моҳи октябри соли 2025 таҷлили 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб на танҳо як санаи таърихӣ, балки таҷассумгари роҳи пуршарафу пурмасъулияти ин боргоҳи маърифат ба шумор меравад. Аз самари сиёсати созандаи Роҳбари давлат Донишгоҳ дар замони Истиқлол ба як маркази неруи зеҳнӣ, тафаккури созанда ва пойгоҳи кадрҳои миллӣ табдил ёфта, бо устуворӣ ба оянда қадам мегузорад. Ҳамбастагии ин муассиса бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти давлат, ифодагари пайванди зич миёни гузаштаи пуршараф, имрӯзи босаодат ва фардои нурафшон мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарки масъулияти таърихӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро барои таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он равона менамоянд. Ҳар як узви ин боргоҳи илму маърифат-омӯзгор, донишҷӯ ва корманд рисолати хешро дар ободии Ватан, таҳкими якпорчагии миллат ва рушди илму маърифат бо садоқат иҷро намуда, барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар саҳми шоиста мегузоранд.

Бо дарки амиқи нақши тақдирсози Истиқлолият дар сарнавишти миллат ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди неруи инсонӣ ва ташаккули муҳити зеҳнӣ бо замон ҳамқадам аст. Маҳз ҳамин рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ собит месозад, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун пайравони воқеии аҳли фазлу зиё дар таҳкими пояҳои давлатдории муосир ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият саҳми муассир ва устувор мегузоранд.

Мунир САФАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
дотсент

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 9, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Тоҷикистон шумораи мактабҳои шакли нав бештар гардидааст
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон