Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 14, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон, байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар заминаи меморандуми баимзорасида харитаи роҳ таҳия гардида, як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои муштараки илмӣ, мубодилаи ходимони илмӣ ва докторантон, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.

Директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Раъно Ҳошимзода бо намояндагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав мулоқот намуда, доир ба самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт, инчунин масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ дар зинаҳои докторантура ва постдокторантура мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи самаранокии меморандуми ба имзорасида изҳор намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди ҳамкории илмӣ ва академӣ арзёбӣ карданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 14, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд