Истиқлолияти давлатӣ симои миллат ва муаррифи давлат дар арсаи ҷаҳон мебошад

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва куҳанбунёду фарҳансолори тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷомеаи тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард.
— Агар ба ҳофизаи таърих назар афканем, миллати қадиму наҷиби тоҷик гузаштаи бою куҳан дошт. Давоми таърих миллати тоҷик борҳо зери ҳамлаҳои аҷнабиён қарор гирифта, мустақилият ва ё истиқлолияти худро ба садади нобудӣ бурд, вале бо мурури замон боз соҳиби он гардид. Ҳарчанд ин миллати аҷдодӣ давраҳои сахту сангинеро аз сар гузаронид, вале таърих, илму фарҳанг, адабиёт ва аз ҳама муҳим, забони модарии худро гум накард, ки ин далели бузургии миллати тоҷик аст.
Барои дубора бунёд намудани давлатдории тоҷикон ва ташкили давлати воқеан миллӣ 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бори аввал Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардид, ки ин заминаи асосӣ барои поягузории давлати навини тоҷикон гардид. Ҳарчанд моддаи аввали он эълон намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад, вале ин ҳуҷҷат пурра ва ҳаматарафа таъмингари истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда натавонист. Аз ин рӯ, соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Ва 9 сентябри соли 1991 вакилони иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Маҳз ҳамин ҳуҷҷат истиқлолияти комили Тоҷикистонро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.
Хотирнишон бояд сохт, ки расидан ба ин роҳи пуршараф, яъне ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа маҳз бо шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сарвари давлат баъди ба эътидол овардани вазъият, кӯшиши пойдор намудани истиқрори сулҳ ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ хотима бахшида, пеши роҳи фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлатро гирифтанд. Маҳз бо фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ пойдор гардид ва дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ пояҳои давлатдории миллии тоҷикон мустаҳкам гардида, роҳ ба сӯи давлатдории навин ва дӯстиву бародарӣ боз шуд.
Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату миллат, рушди озодона ва сарбаландии ҳар фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафили асосии бақои миллатҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, ин дастоварди бузург дар таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.
Имрӯз боиси хушнудӣ ва сарфарозии мост, ки 34 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихӣ ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Шуруъ аз ҳамон даму лаҳза то ба имрӯз ин санаи таърихӣ ҳамчун бузургтарин ҷашнвораи миллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Истиқлолият симои миллат ва муаррифи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, зеро дар ин давра Тоҷикистон дар ақсои олам мақому манзалати хос пайдо намуд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мо ба ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон, ободию пешрафт, дастовардҳои бузург, якдилию баробарҳуқуқӣ, ва рамзҳои давлатӣ Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ расидем.
Хиради азалии миллат, заҳмату хидматҳои фарзандони фарзонаю бонангу ори миллат, сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос бар он шуданд, ки дар ватанамон сулҳу салоҳ, амният ва Ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ касб намудааст. Ҳоло Ватани маҳбуби мо бо сарварии Пешвои миллат масири ояндаи дурахшонро тай намуда, зина ба зина ба ҳадафҳои стратегӣ мерасад. Вазъияти ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, нооромии давлатҳои ҳамсоя ва равнақ ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ моро бори дигар водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, соҳиби сармояҳои миллӣ, ваҳдату амнияти ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллатамон бошем.
Аз ин рӯ, расидан ба ин масири басе пуршараф, ки бо заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи мамлакат ба мо мерос мондааст, моро ҳидоят бар он менамояд, ки ин дастоварди бузурги миллиро аз ҳар гуна фитнаву ифроти дохиливу аҷнабиён ҳифозат кунем. Барои устувору пойдор нигоҳ доштани он бо дарки баланди масъулият моҳияти давлати миллиро дарк намоем ва аз мазмуну муҳтавои истиқлолият, давлатдории миллӣ, унсурҳои худшиносӣ ва оини ватандӯстию ватанпарастӣ огоҳ бошем.
Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,
директори Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»