ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нуре, ки роҳи халқро ба сӯи фардои дурахшон равшан менамояд

Сентябрь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва ифтихори миллӣ 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Истиқлолият бузургтарин неъмат ва рамзи муқаддаси миллӣ буда, симои озодӣ, ифтихор ва худшиносии ҳар халқи озодандеш аст. Истиқлоли давлатӣ на танҳо озодӣ ва ҳувияти миллӣ, балки имкони воқеии худмуайянкунӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мебошад. Барои миллати сарбаланди тоҷик истиқлолият на танҳо нишонаи бедории миллӣ ва озодии таърихӣ, балки заминаи асосии ташаккули давлатдории навин ва омили пешбарандаи рушди устувор ба ҳисоб меравад. Ҳар давлате, ки соҳибистиқлол аст, метавонад самти сиёсати хешро озодона интихоб намояд, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии худро бо иродаи миллӣ тарҳрезӣ кунад ва тақдири ояндаи худро бо дасти худ бисозад.

Истиқлол — ин нурест, ки роҳи халқро ба сӯи фардои дурахшон равшан мекунад. Ин неъмати бебаҳо самараи муборизаҳои тӯлонӣ, ҷасорат, хиради сиёсӣ ва ҷонфидоии фарзандони бонангу номуси миллат мебошад. Аз рӯзгори пурифтихори давлати Сомониён то имрӯз халқи тоҷик пайваста барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, забону фарҳанг ва худшиносии миллӣ талош варзидааст. Истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои мардуми тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, то самти пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии худро мустақилона муайян намуда, роҳи давлатдории миллиро бо такя ба иродаи халқи худ идома диҳад.

Бо вуҷуди арзиши бузурги истиқлолият оғоз намудани роҳи давлатдории мустақил барои тоҷикон кори осон набуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба буҳрони шадид ва фоҷиаи инсонӣ рӯ ба рӯ намуд. Дар он рӯзҳои пурташвиш хатари аз байн рафтани давлатдории миллии тоҷикон воқеан вуҷуд дошт. Маҳз дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ масъулияти наҷоти давлату миллатро бар дӯш гирифтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавонӣ бо хиради сиёсӣ ва матонати беназир тавонистанд ҷонибҳои даргирро ба гуфтушунид ҷалб намоянд, оташи ҷанги шаҳрвандиро фурӯ нишонанд ва ба халқи тоҷик роҳи сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро боз намоянд.

Хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба истиқрори сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ маҳдуд намешаванд. Бо азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаашон тавонистанд пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, сохторҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва иҷтимоиро эҳё намуда, марҳилаи нави рушди ҷомеаро оғоз намоянд. Таҷрибаи беназири роҳбарии Пешвои миллат мамлакатро аз буҳрону нобасомониҳо ба сӯйи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувор раҳнамун сохт. Имрӯз Тоҷикистон дар партави ин сиёсати оқилона ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Амнияти энергетикӣ таъмин, роҳҳои муҳими байналмилалӣ бунёд, иқтисоди миллӣ рушд намуда, сатҳи зиндагии мардум боло рафт ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ такмил ёфтанд. Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори сулҳ ва аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд: «Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд».

Истиқлолият на танҳо дастоварди бузурги таърихӣ, балки масъулияти муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад. Ин арзиши олии миллӣ моро водор месозад, ки Ватанро сидқан дӯст дорем, барои ободии он софдилона меҳнат намоем ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллатро арҷгузорӣ намоем. Дар марҳилаи нави рушди ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистон ба самти созандагӣ ва пешрафти устувор ворид гардидааст, рисолати ҳар фарди бедордил ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нигоҳдории сулҳу суботи ҷомеа мебошад.

Дарвоқеъ, истиқлолият дастоварди бузург ва гавҳараки чашми миллати тоҷик мебошад. Он бояд ҳамчун муқаддастарин неъмату арзиши миллӣ ҳифз ва пос дошта шавад. Сулҳу ваҳдати пойдор ва истиқлолияти комил замина ва кафолати аслии рушди устувори Тоҷикистони азиз ба ҳисоб мераванд. Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рӯзи шодиву ифтихори миллӣ, балки рӯзи таҳаммул, масъулият ва савганд дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Пас, биёед Ватани маҳбубамонро самимона дӯст дорем, сулҳу суботро нигоҳ дорем ва истиқлолиятро бо меҳнати софдилона, ваҳдати воқеӣ ва садоқат ба давлату миллат пойдор нигоҳ дорем!

Назирҷон НАСИМӢ,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеаи
Хадамоти иҷрои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1 

Сентябрь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бунёд мегардад
Дар дараи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд
ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 4 километр роҳи деҳаи Меҳргони Шаҳринав мумфарш карда шуд
Кордсоз Бахтиёр Мирзоев: «Кордҳои Истаравшан шакл, таносуб, нақш ва усули коркарди ба худ хос доранд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатию Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ вусъат меёбад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ авҷи бештар мегиранд