Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҳфили илмӣ-адабии «Хирад»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Китоб зери назари президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода аз ҷониби мураттибон- профессор Шодимуҳаммад Суфизода ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст.
Дар маҳфил президенти Академияи миллии илмҳо иброз дошт, ки Устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Таъсири амиқе, ки Устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати худ кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Ин асар таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст.
Феҳрист ба муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт ҳамчун манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил олимону шоирон аз хизматҳои таърихии Устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






