Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босубот эҳсос менамояд. Нақши соҳаи маориф дар пешгирии равандҳои тундгароӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, омӯзиши механизмҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, инчунин ташкили таҳияи модулҳои омӯзишӣ ва баргузории тренингҳо дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм мавқеи назаррас дорад.
Намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ ва намояндаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои таҳияи модулҳои омӯзишӣ ва баргузории тренингҳо дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм фикру андешаҳояшонро иброз дошта, таҳлилу баррасии масъалаҳоро мувофиқи мақсад шумориданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






