«МАН — НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ». Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои таҳсил аст

Сентябрь 6, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Аз соли фаъолият то имрӯз он зиёда аз 117 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон равон намудааст. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гирандаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»  Абдуллоҷон Ҷумъаев иброз намуд, «ман баъди супоридани озмунҳо дар се давр сазовори ин стипендия гардида, ба Донишгоҳи Сити Лондон (City, University of London), ба ихтисоси муҳандисӣ дохил гардидам. Ин Донишгоҳи давлатии таҳқиқотӣ дар Лондон мебошад. Он дар маркази Лондон- дар майдони Нортгемптон ҷойгир аст ва соли 1966 таъсис ёфта, соли 2016 ба донишгоҳ табдил ёфтааст. Донишгоҳ дорои инфрасохтори замонавӣ буда, ба донишҷӯён маҷмуи васеи имконият пешниҳод мекунад, аз ҷумла китобхона, маркази клиникӣ, лабораторияҳои муҳандисӣ, студияҳои сабти овоз ва маркази варзишӣ».

«Тасаввур ĸунед, ĸи шумо дар даст номаи қабул ба донишгоҳи хориҷӣ ё визаи деринтизори худро доред. Таҳсил ва зиндагӣ дар хориҷа метавонад ҳам тарсовар ва ҳам илҳомбахш бошад. Чизи асосиаш омодагии хуб ва боварӣ ба худ аст. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои ман дар як давлати дур имконияте фароҳам овардааст, ки дар давлати хориҷии дур озодона таҳсил мекунам»,- гуфт Абдуллоҷон Ҷумъаев.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «барои ман мисли аксар мактаббачаҳои тоҷик таҳсил дар хориҷа орзуи дастнорас буд, зеро арзиши таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ  дар як сол аксар вақт аз 80 ҳазор доллари амрикоӣ мегузарад. Барои ман Маркази «Дурахшандагон» на танҳо кумаки молӣ, балки дастгирии маънавӣ низ мерасонад. Барои ман ҳар моҳ стипендия ба маблағи 600 доллар таъйин мекунанд. Дар баробари ин, маблағи суғуртаи тиббӣ, ҷойи зист, шартномаи таҳсил, роҳкиро ва дигар хароҷоте, ки дар ҷараёни таҳсил сарф мешавад, аз ҷониби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.

“Ман ҳам меваи дарахти истиқлолам, ки бо шарофати хизматҳои мондагори Сарвари давлат тавонистам донишҷӯйи як донишгоҳи бонуфуз дар Британияи Кабир гардам. Ба подоши ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон талош мекунам дар оянда барои давлати худ хизмати арзанда намоям»,-илова кард Абдуллоҷон Ҷумъаев.

Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои вусъат додани дониши  ҳамаҷонибаи ҳар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Тибқи роҳнамоии пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат ҳар донишҷӯи таҳсилкунанда дар кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ инчунин муаррифи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ донишҷӯён даъват карда мешаванд, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, баъди баргаштан ба Ватан дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид