МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул донистани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки айни замон ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гардидааст, аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашудаи навбатӣ дар соҳаи маориф мебошад. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли мамлакат ифтитоҳ хоҳад бахшид.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш иброз доштанд: «давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ якчанд имтиёз муқаррар намудааст».
«Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар яке аз суханрониҳо ин гуфтаҳоро тақвият бахшида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Мавриди ёдоварист, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳамчунин ба масъулин дастуру супориш дода шудааст, ки бо дарназардошти мунтазам афзудани шумораи аҳолӣ ва вобаста ба ин зиёд шудани шумораи хонандагон сохтмони мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ ва бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ таъмин кардани онҳо вусъат бахшида шавад.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.
Хурсандиовар аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба дастгирии соҳаи маориф дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорон бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат меёбад. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
«Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун таҳкурсии асосии таълиму тарбия ва омили рушди неруи инсонӣ ҳанӯз як қатор мушкилоту душвориҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати таълим, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо, саводнокии рақамӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Пешвои миллат, дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар мамлакат раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»