Масъалаҳои ислоҳоти судӣ байни Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода бо намояндаи доимии навтаъйини Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба адолат, баланд бардоштани иқтидори институтсионалии низоми судӣ ва тақвият додани самти рақамикунонии фаъолияти ҳокимияти судиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории дуҷониба дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд изҳори омодагӣ намуда, аҳамияти таҳким ва густариш додани ҳамкориро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид карданд.
Иброз гардид, ки ҳамкории созанда дар самти таҳкими адолати судӣ идома меёбад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






