Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар доираи дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муовинони Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоирзода ва Раҳмиддин Саломзода бо ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии мудиромили Созмон Муҳаммади Кабирӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба байни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкили Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Душанбе дар Ҷазираи Киш ва Ҷазираи Киш дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки иштироки намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе, ки дар он беш аз 200 ширкати байналмилалӣ маҳсулоту хизматрасонии худро ба намоиш гузошт, қадами муҳим дар самти тақвияти робитаҳои ду давлат мебошад.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо иродаи муштарак метавон заминаи муносибатҳои таърихию фарҳангиро бо дастовардҳои назаррас таҳким дод.
Дар фарҷом аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳайати Созмони минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эронро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14-16 октябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) 18 сентябр ифтитоҳ гардида, имрӯз анҷом ёфт.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






