МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ. Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстона ба ин орифи бузург шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид

ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат АМИТ «Ховар» мулоҳизаҳои муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёиро вобаста ба чӣ гуна шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудани осори ин фарзанди баруманди халқи тоҷик пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад. Доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ чунин ибрози назар намудааст:
— Олими тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов мегӯяд: «Боиси шодист, ки мероси маънавии як шоири тоҷику ориёинажод дар ҷаҳони Ғарб чунин шуҳрати бузург пайдо кард ва, албатта, сабаби ин падидаи фарҳангиро бояд ҷустуҷӯ намуд. Зеро дар олами Ғарб шоирону нависандагон ва файласуфону мутафаккирони шуҳратманд кам нестанд ва дар ин қатор шоири маҳбуби ғарбиён шудани Мавлоно амри тасодуф нест. Яке аз сабабҳои чунин шуҳрат пайдо кардани Мавлоно, бешубҳа, аз мазмунҳои инсонпарварона ва таҳаммулгароёна, аз ишқи самимона ба инсон ва Худованд саршор будани осору афкори мутафаккир мебошад. Аз тарафи дигар, дар минтақаи наздик ба кишварҳои ғарбӣ — дар Рум зиндагӣ ва эҷод кардани ӯ ва аз ҷумлаи асосгузорони адабиёти турк шудани писараш Султонвалад барои пули фарҳанги Шарқу Ғарб гардидани Мавлоно сабаб шуда, шуҳрати ӯро хеле афзудааст».
Дар бораи маҳбубияти мутафаккир дар байни ориёизабонон сухан карда, донишманди зиндаёд, устод Расул Ҳодизода барҳақ гуфта буданд, ки фаҳмонидани таълимоту мафҳумҳои сӯфиёна бо истифодаи ҳикоёту тамсилҳо аз эҷодиёти шифоҳии мардуми Машриқзамин «Маснавии маънавӣ»-ро на танҳо дастраси доираи васеи омма гардонид, балки шуҳрати муаллифро низ дар ин сарзамин даҳчанд афзуд.
Дар олами Ғарб Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонӣ ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Олими машҳури олмонӣ Георг Гегел дар китоби шуҳратёри худ — «Қомуси илмҳои фалсафӣ» ин мутафаккирро бо номи «Ҷалолуддин Румии олиҷаноб» ёд карда, беҳтарин намунаи ашъорашро дар тарҷумаи моҳиронаи Рюккерт иқтибос овардааст.
Муҳаққиқи шӯравӣ Р. Фиш Мавлоноро хирадмандтарин шоирони Шарқ шумурда, таъкид доштааст, ки аз шеъри ӯ Гегел ва Гёте, Нозим Ҳикмат ва Муҳаммади Иқбол ҳаловат бурдаанд. Академики рус В. Шеремет ӯро аз зумраи мутафаккироне медонад, ки тафаккури миллионҳо одамонро тасхир кардаанд.
Чун аз шиносоии мутафаккирони бузурги Ғарб бо ашъори Мавлоно сухан мегӯем, таъкид кардан зарур аст, ки ин донишмандон ба ашъору афкори мутафаккири тоҷик тавассути тарҷума дастрасӣ доштанд. Ва чун аз боби тарҷума сухан меравад, бояд гуфт, ки тарҷумаи моҳирона низ яке аз сабабҳои шуҳратёр шудани Мавлоно ва шоирони дигари тоҷику форс дар ақсои олам аст. Дар ин хусус мехостем барои қиёс як далелеро аз таърихи тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём дар Ғарб ёдрас шавем.
Чуноне ки маълум аст, дар солҳои панҷоҳуми қарни нуздаҳум шоир ва тарҷумони англис Эдвард Фитсҷералд бо ашъори Хайём ошноӣ пайдо карда, дар соли 1859 достоне бо номи «Рубоиёти Хайём» эҷод кард. Бо чопи ин достон, ки аз ҷиҳати бадеияту мавзӯъ комилан падидаи нав буд, дар мамолики ғарбӣ як беморие бо номи «гирифторӣ бо Хайём» хуруҷ кард. Ҳатто дар соли 1940, ба шаҳодати шарқшиноси шӯравӣ А.А. Семенов теъдоди китобҳои чопшудаи рубоиёти Хайём аз миқдори китобҳои интишорёфтаи тамоми шоирони дигари олам дар маҷмӯъ зиёдтар буд.
Ба ҳамин минвол сарнавишти шеъри Мавлоно дар Ғарб суръат гирифт.
Ривоят мекунанд, ки чун нахустин муҳаққиқони ғарбӣ ба маркази Хилофати усмонӣ – Туркияи муосир ворид шуданд, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи онҳоро дарвешони чархон – рақси самоъ дар иҷрои пайравони Мавлоно ва мактаби тасаввуфии ӯ — мавлавия ҷалб сохт. Маҳз ҳамин буд, ки аввалин ховаршиносони ғарбӣ асосан ба қироат ва тарҷумаи ашъори Мавлоно машғулӣ доштанд. Дар натиҷаи ин заҳматҳо тарҷумаҳои Йозеф фон Хаммер-Пургштал дар соли 1818, Фридрих Рюккерт дар соли 1819, Винсенс фон Розенсвайг-Шваннау дар соли 1838, Рейнолд Николсон дар соли 1898 ва каме дертар тарҷумаҳои Арберри бо забонҳои олмонӣ ва англисӣ рӯи кор омаданд.
Мутарҷими осори Мавлоно Фридрих Рюккерт, ки маҳз тавассути ӯ Гегел ва Гёте бо Мавлоно ошноӣ пайдо карданд, ба василаи ин тарҷумаҳо жанри ғазалро низ ба адабиёти олмонӣ ворид сохт.
Ҳамчунин қобили тазаккур аст, ки тарҷумаи шеъри ирфонии Мавлоноро баъзе рӯҳониёни масеҳӣ мехостанд ҳамчун муқовимат ба интишори васеи шеъру ақидаи Хайём дар олами Ғарб истифода кунанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи Олмон А. Шиммел таъкид доштааст, ки дар соли 1903 фақеҳи масеҳии шотландӣ Уилям Хасти тарҷумаҳои олмонии Мавлоноро, ки аз ҷониби Рюккерт ба сомон расида буданд, дар шакли ғазал ба забони англисӣ баргардонид, то ба парастиши шеъри хайёмӣ оид ба майгусорӣ байни масеҳиён анҷом бахшад. Дар ҳар сурат, боиси тазаккур аст, ки ҳамин тарҷумаҳои моҳирона ва интихоби дурусти мутарҷимон, ки беҳтарин ғазал ва тамсилҳои Мавлоноро мавриди тарҷума қарор доданд, сабабгори нахустини интишори осори Мавлоно дар кишварҳои Ғарб ва минбаъд боиси шуҳрати оламшумули ӯ дар ин сарзамин гардиданд.
Як хусусияти муҳими олам, аз нигоҳи Мавлонои Румӣ, мавҷудият ва муборизаи зидҳо дар он аст – «… Пас бинои халқ бар аздод буд». Ин ҷанбаи таълимоти ӯро шодравон академик А. Баҳоуддинов таҳлил карда, навиштааст: «…масъалаҳои зиёде, ки аз ҷониби Гегел ҳал шудаанд, Румӣ ҳанӯз 500 сол муқаддам гузошта ва қисман ҳал сохта буд». Ва табиист, ки суханони Мавлоно дар бораи зидҳо наметавонистанд, ки Гегелро, асосгузори диалектика – таълимот дар бораи зидҳоро дар Ғарб, ба завқ наоранд ва водор насозанд, ки ашъори ӯро «олиҷаноб» наҳисобад.
Маҳз ҳамин шуҳрати беназир буд, ки дар соли 2005, ҳангоми аз ҷониби Конфронси Кулли ЮНЕСКО ҳамчун Соли Мавлоно эълон гардидани соли 2007, ин қарор аз ҷониби тамоми ҳайати давлатҳои ғарбии узви ин созмон тарафдории комил пайдо кард ва таҳти рақами 54 аз 13 апрели соли 2005 ба тасвиб расида, комилан иҷро гардид.
Ёдовар мешавем, ки сухани нотакрори Мавлоно, ки аз қолаби фазову вақт берун рафт ва дархури ниёзмандиҳои тамоми инсоният новобаста аз ирқу нажод ва кешу дин гардид, сабаби асосии шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ӯст. Маҳз ба ҳамин маънӣ ишора карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2007 дар суханронии хеш ба муносибати 16-умин солгарди Истиқлолият ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно таъкид карда буданд: «Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад».
Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки шеъри инсонгароёнаи Мавлоно ҳамеша дар тамоми ақсои олам шуҳратёру ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва сухани бурун аз марзи дину кешҳои маъмул, ки ӯ дар шакли манзуму мансур гуфтааст, ҷовидона чун иршод барои кулли абнои башар хизмат хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»