МИНТАҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ БАЛҶУВОН. Сайре ба диёри чашмаҳои зулол ва мардумони некухисол

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Балҷувон — ин ноҳияи кӯҳистон бо табиати нотакрораш яке аз мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон аст, ки дили сайёҳони дохилию хориҷиро ба ваҷд овардааст. Моҳи ноябри соли 2001 Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди ноҳияи Балҷувонро Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон намуда буд. Тобистони соли 2002 «Барномаи комплексии рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2002-2012» ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ қабул гардид, ки дар ин барнома тадбирҳо оид ба рушд ва истифодаи иқтидори сайёҳии ноҳия мушаххас гардида буданд. Дар натиҷа дар доираи татбиқи ин барнома дар ноҳия се меҳмонхонаи сеситорадор, пойгоҳи сайёҳӣ, маркази солимгардонӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ бунёд карда шуданд.
Дар Балҷувон инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳоли рушд аст
Солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бо мақсади рушди сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ноҳия мебошад, тадбирҳои муассир андешида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Хусусан дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо нафар мутахассисон ва роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонони ноҳия, ки дар риштаи сайёҳии донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудаанд, омода гардиданд. Инчунин бо мақсади тайёр кардани армуғонҳо мақомоти ноҳия бо занони ҳунарманди Балҷувон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Дар ноҳияи Балҷувон сол аз сол инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушд намуда, даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхонаю ҳостелҳо бунёд мегарданд, ки ба рушди сайёҳӣ дар ноҳия мусоидат менамоянд. Ҳамзамон яке аз ёдгориҳои таърихии Балҷувон Қалъаи Мири Балҷувон аст, ки таъмиру таҷдид гардид. Имрӯзҳо Осорхонаи кишваршиносии ноҳия фаъолияти густурда дорад.
Бунёд ва таҷдиди садҳо километр роҳҳо
Бунёди роҳҳо ва пулҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, хусусан ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон, ки Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон гардидааст, нақши муассир дорад. Ин аст, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон роҳу пулҳо ва дигар иншооти барои хоҷагии халқ муҳим бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир мегузоранд. Дар ноҳия давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ пулу роҳҳо сохта шуданд, ки онҳо Балҷувонро бо Ховалинг пайваст менамоянд. Ҳамзамон ба истифода додани роҳи мошингарди Кангурт –Балҷувон-Ховалинг на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии сокинони ин ноҳияҳо мусоидат менамояд, балки барои тамошои меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон бештар сафар менамоянд, хеле мувофиқ аст. Инчунин бунёди роҳи мошингарди Балҷувон –Сари Хосор дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва туризм дар ин минтақа нақши калидӣ мебозад.
Олами набототи Балҷувон
Дар Балҷувон асосан растаниҳои ба даштҳои кӯҳӣ хос мерӯянд. Дар кӯҳу дараҳои ин минтақа 145 навъи растаниҳои доруӣ, 47 намуд асаловар, 107 навъи ғизоӣ, 117 навъи анҷибар, инчунин дарахтони себ, мурӯд, олуча, бодоми талхак, дӯлона, писта, ҳамзамон дарахтони чинор, бед, буттаҳои зирк, настаран, ангат ва ғайра мерӯянд.
Олами ҳайвонот
Олами ҳайвоноти Балҷувон гуногун буда, дар кӯҳу водиҳо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, гуроз, ҷайра, рӯбоҳ, паланг, гавазн, заргӯш, морҳои обӣ, гурза, калтакалос, аз парандагон мурғи ҳилол, кабки дарӣ, гунҷишк, кабӯтар, турна, зоғ ва булбул дучор мешаванд.
Иқлими Балҷувон
Иқлими Балҷувон континенталии миёна: тобистонаш гарм ва зимистонаш муътадил мебошад. Ҳарорати миёнаи январ +3,1°С (аз +0,8 то −12°С), июл — аз 14,2 то 28,4°С. Бориши миёнаи солона (дар водиҳо) 767 мм-ро ташкил медиҳад.
Таърихи Балҷувон
Балҷувон — як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистон аст, ки дар гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд. Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар мавзеъҳои гуногуни ин
диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин ба ҳудуди Бохтар дохил будааст. Дар сарчашмаҳои қадимӣ Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар байни олимону донишмандон дар хусуси пайдоиши этимологияи номи Балҷувон ақидаҳои гуногун то ҳол маҳфуз мебошад. Ба ақидаи пирони рӯзгордидаю донишмандони таҳҷоӣ, Балҷувон аз ду вожа: «бале» ва «ҷавон» бармеояд. Яъне маънояш «бале, ҷавон» аст. Сайдаҳтам Юнусов ва Ҷонибеки Асрориён дар китоби худ «Авроқи рангини Кӯлоб» ва мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ Ҷумъахон Алимӣ ба чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи вожаи Балхиён аст. Балҷувон чун вилояти мустақил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856—1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ буда, ба воситаи дарёи Вахш бо водии Ҳисор ҳаммарз буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ҳозираи ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешудаанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило, соли 1886 дар 15 амлоки бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт ва дар ибтидои асри XIX чун вилояти мустақил танга сикка мезад. Бо бекҳои Ҳисор, Дарвоз ва Қаротегин робитаи тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Русия маҳсулот оварда мешуд.
Ёдгориҳои таърихии Балҷувон
Ҳудуди Балҷувон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихӣ ғанӣ аст, ки Қалъаи Мир, мутааллиқ ба асрҳои XVI—XIX, Қалъаи Чорбоғ (асрҳои миёна), Қалъаи Тӯпхона (асрҳои I-VI то мелод), Қалъаи Турк (асрҳои XI1-XIII), Қалъаи Дектур (асрҳои XVIII-XIX), инчунин қалъаҳои Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ ва бошишгоҳҳои давраи асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон ва дигар мақбараю оромгоҳи орифон аз ин ҷумла мебошанд.
Балҷувон — диёри чашмаҳои зулол
Дар Балҷувон манбаъҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ –об мавҷуд ҳастанд. Дар ин ҷо 200 чашма, рӯдҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Рӯи об, дарёҳои Сурхоб Тира, Оби-Мазор, Талхак, Шаршараи Пушти Боғ, Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов, Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Қалъанақ, Чашмаи Булғурӣ, Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук, Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимҷуссаи Шинг -деҳаи Шингидара,Чувоз Чинор -деҳаи Даштарҳо воқеъ мебошанд.
Шаршараи Сари Хосор
Ин ёдгории нодири табиат дар мавзеи Пушти Боғи деҳаи Мулоконии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷойгир аст, ки садҳо сайёҳони дохилию хориҷиро бо зебоиҳои нотакрораш ба худ шефта гардонидааст. Дар маҷмуъ, Балҷувон бо имконияту иқтидори табиӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати бою нотакрор, мардуми некухисол, обу чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои кӯҳии хурӯшон ва олами бойи набототу ҳайвонот қалби садҳо сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиро тасхир намудаааст. Дар ин замина Балҷувон яке аз минтақаҳои ояндадор дар самти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз