Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 — 18 сентяб дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Аз камбизоатӣ ба тараққиёт» бо иштироки намояндагони зиёда аз 30 ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ва 200 коршиноси байналмилалӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода намояндагӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Дар форум Солеҳа Холмаҳмадзода дар мавзуи «Маҳорат ҳамчун омили рушди устувор: таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат» маъруза намуд.
Иброз гардид, ки мавзуи форум: «Аз камбизоатӣ ба тараққиёт» яке аз масъалаҳои калидӣ мебошад, ки на танҳо барои давлатҳои мо, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ муҳим аст.
«Мубориза бо камбизоатӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоӣ буда, шарти муҳими таъмини субот, адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз мо имконият дорем, ки таҷрибаҳои муваффақро мубодила намоем, роҳҳои ҳалли мушкилоти шуғл ва камбизоатиро баррасӣ кунем ва ба роҳ мондани ҳамкории самаранокро муҳокима кунем»,-гуфт вазир.
Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ҷои муҳим ва стратегиро ишғол намуда, давлат ба рушди шуғли босамар ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос ҳамчун самти асосии мубориза бо камбизоатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Солҳои охир дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ амалӣ гардида, шаҳрвандони мо дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ду соли охир бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд шаш маркази муосири касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо кушода шуд. Хоҳишмандон метавонанд аз рӯйи 20 номгӯй касбу ихтисоси гуногун ба таълим фаро гирифта шуда, соҳиби сертификати намунаи байналмилалӣ шаванд.
Инчунин дар низоми таълими калонсолон механизми тасдиқи салоҳияти калонсолон амалӣ карда шуд. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки малакаҳои касбияшонро тасдиқ карда, соҳиби сертификати давлатӣ гарданд. Ин восита махсусан дар шароити ҳаракати баланди қувваи корӣ муҳим аст ва рақобатпазирии шаҳрвандонро ҳам дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тақвият медиҳад.
Дар доираи форум Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Вазири шуғл ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон Ботир Зоҳидов мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғлро баррасӣ намуда, барои рушди ҳамкории мутақобил дар самти рақамикунонии хизматрасонӣ байни сохторҳои дахлдори вазоратҳои ҳарду ҷониб дар доираи санадҳои имзошуда ибрози омодагӣ карданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






