Нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 сентябри соли 2025 нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи қарор, барои онҳое, ки пули обро аз тариқи ҳисобкунак пардохт мекунанд, нархи оби нӯшокӣ чунин муқаррар гардид:
барои аҳолӣ: 2,60 сомонӣ барои 1 м³
ташкилоти буҷетӣ: 3,59 сомонӣ барои 1 м³
ташкилоти тиҷоратӣ: 9,10 сомонӣ барои 1 м³
Илова бар ин, тартиби пардохт барои муштариёни аҳолӣ, ки бо ҳисобкунаки обӣ насб нашудааст, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 чунин муқаррар карда шудааст (сарикасӣ дар як моҳ барои 1 нафар):
барои биноҳои баландошёна — 28,07 сомонӣ;
барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва канализатсия таъмин — 23,39 сомонӣ;
барои хонаҳое, ки аз калонка ё ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд — 7,41 сомонӣ.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






