НАЗДИК СОХТАНИ ИЛМИ АКАДЕМӢ БА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Сентябрь 2, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо аҳли маорифи мамлакат мулоқот ва суханронӣ намуданд. Дар робита ба суханронии Пешвои миллат муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ чунин ибрози назар намудааст:

— Илму маориф бо ҳам тавъам буда, давоми таърихи инсоният дар робита бо якдигар ташаккул ва рушд ёфтаанд. Беҳуда нест, ки таълимгоҳҳои навъҳои гуногунро дар Шарқу Ғарб аз даврони бостон макони пайдоиши илм, нахустин ихтироъгоҳи техникаву технология ва заминаи кашфиёту бозёфтҳои муҳимтарини илмӣ донистаанд. Маориф дар навбати худ донишҳои илмиро аз насле ба насли дигар интиқол дода, онҳоро ҳифз намудааст ва дар хизмати инсоният ва рушди ҷомеаи инсонӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, илму маориф бояд пайваста бо ҳамдигар дар робитаи устувор қарор дошта бошанд ва яке дигареро комил намоянд. Ин падида дар замони муосир аҳамияти бузургтаре беш аз пеш пайдо мекунад, зеро чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30 август иброз намуданд, «ба даврони мо рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо, зеҳни сунъӣ хос буда, дар он донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо намудааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад».

Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти ташаккули ҷомеаи техногенӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ бо иқдоми Пешвои миллат ва роҳандозии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рушди илму маориф, донишу донишандӯзӣ ва тақвияти робитаҳои илми академӣ бо муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот андешида шуда, дар ин самт нишондодҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ин на танҳо рушди илми академӣ ва соҳаи маориф таъмин гардид, балки барои ҳамгироию воридшавии онҳо ба фазои байналмилалии илмию таҳсилотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Муҳимтарин дастовард ва комёбии давлату миллати соҳибистиқлоли мо, чунонки Пешвои миллат дар суханрониашон хеле воқеъбинона ва хушбинона таъкид доштанд, ин аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ «насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад». Ҳама ин самараи заҳмату меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, фаъолияти содиқонаи аҳли илму маориф, падарону модарон ва аъзои пешоҳанги ҷомеа буда, дар саҳифаҳои таърихи миллат то абад боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои муайян дар соҳаҳои илму маориф то кунун ҳам ҳалли масъалаҳои зиёде дар самти тақвияти робитаҳои илми академию донишгоҳӣ, олиму омӯзгор, мураббию муҳаққиқи ахлоқу тарбия тақозо карда мешавад. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар назди олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон бо мақсади идомаи ин раванд якчанд вазифаҳо гузоштанд, ки онҳоро метавон ҳамчун барномаи мухтасари тақвияти робитаҳои илму мариф барои ояндаи наздик ва дурнамои рушди ин соҳаҳо барои болобарии сатҳи маърифати ҷомеа калидӣ арзёбӣ намуд. Ин вазифаҳо, хусусан барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чунинанд:

Аввалан, бештар муттаҳид намудани иқтидори зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ ва мувоҷеҳ сохтани фаъолияти он ба самти соҳибмаърифату донишманд гардонидани наврасону ҷавонон. Тавре, ки дар мулоқот иброз гардид, дар қатори 131 ҳазор нафар омӯзгор имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди олимон, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анқариб 1,5 ҳазор муҳаққиқону ходимони илмӣ ҳамчун «неруи бузурги маънавӣ» ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғуланд. Ҷалб сохтани ин неру на танҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки тамоми зинаҳову шаклҳои дигари таҳсилот ба ҳайси устоду омӯзгор, роҳбари таҷрибаомӯзии таълимию илмӣ, мушовири илмӣ дар раванди таълифи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва амсоли он, аз як ҷониб, ба болоравии сифати таълим мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҳамчун омили пайвасткунандаи илму истеҳсолот, назария ва амалия, тақвиятдиҳандаи робитаи илми академию донишгоҳӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ барои болобарии ҷаҳонбинии таълимгирандагон ва минбаъд тамоми аъзои ҷомеа хизмати муассире ба иҷро мерасонад.

Дуюм, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ. Бояд таъкид намуд, ки сабабҳои асосии таҳияи чунин барнома бо норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, зарурати иҷрои чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва омилҳои дигар вобастаанд.  Аммо дар баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки имрӯз дар давлатҳои пешрафта, масалан, тибқи стратегияи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Беларус бо мақсади болобарии сатҳу сифати таълим ҳарчи бештар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳиби дипломҳои дараҷаи магистрӣ ва болотар аз он пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, дар лоиҳаи барнома пешбинӣ намудани тақвияти мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода сохтани магистрҳо доир ба як қатор илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва тамоми илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим дода мешаванд, ба манфиати кор хоҳад буд.

Сеюм, дар ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар олимони соҳибтаҷриба аз нав таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ. Дар ин самт чунин талабот гузошта шудааст, ки китоби дарсӣ на танҳо бояд ба таълимгиранда донишҳои илмӣ пешниҳод намояд, балки «андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад». Ҳамзамон бо ин, мо дар чунин ақидаем, ки дар ин лоиҳа хусусияти китобҳои дарсии насли нав бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва педагогикаи миллӣ, методологияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, аз ҷумла принсипҳои умумию хусусӣ, вазифаҳои асосии китобҳои дарсӣ, талабот ба мазмун, муҳтаво ва сохтори китобҳои дарсӣ, талаботи дидактикӣ ва беҳдоштӣ ба онҳо, забони китобҳои дарсӣ ва аҳамияти методологию мафкуравии он, гурӯҳбандии фанҳои таълимӣ ва махсусияти таълифи китобҳои дарсии насли нав аз рӯи самтҳои илм ва амсоли он ҳатман бояд ба эътибор гирифта шаванд.

Чорум вазифаи хеле пурмасъулият, ки Сарвари давлат дар назди олимон дар самти тақвияти робитаи онҳо бо соҳаи маориф гузоштанд, ин аст, ки минбаъд «китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд». Умеду эътимоди комил дорем, ки аз иҷрои ин масъулияти барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва умуман, барои соҳаҳои илму маориф ва ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо сарнавиштсоз олимону муҳаққиқон ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарбаландона мебароянд. Барои ин амал дар ин боргоҳи илму маърифат неруи кофии зеҳнӣ, дастгоҳи муқтадири идорӣ ва аз ҳама муҳим, иродаву ихлоси содиқона ба давлату миллат ва ояндаи дурахшони он хизмат кардан мавҷуд аст.

Панҷум, ислоҳи вазъи бавуҷудомада дар иҷро нагардидани нақшаи қабул ба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос дар солҳои охир аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва академияҳои соҳавӣ. Дар ҳақиқат ҳам чунин мушкилот дар қабули довталабон дар муассисаҳои болозикр мавҷуд буда, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад. Аммо ин норасоӣ, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабабҳои айнию зеҳнӣ, объективию субъективӣ дошта, муносибати комплексиро тақозо месозад. Барои мисол метавон гуфт, ки қатъи қабул ба магистратура дар баъзе ихтисосҳо аз ҷониби якчанд  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан ба ихтисосҳои фалсафӣ, омили камбудиҳо дар иҷрои нақшаи қабул ба Академияи миллии илмҳо дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос гардидааст. Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот низ идомаи тақвияти робитаҳои илми академӣ ва соҳаи маорифро тақозо дорад.

Дар маҷмуъ, наздик сохтани илми академӣ ба истеҳсолот, назария ба амалия ва муассисаҳои илмӣ ба муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои калидии болобарии сифати таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тавре, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30 август таъкид доштанд, «мо кормандони илмӣ низ бояд шахсан робитаҳоро бо соҳаи маориф тақвият бахшем ва дар радифи пешоҳангони дигари ҷомеа масъулияти онро ба дӯш гирем, ки «наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 60 хонандаи ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои илмию варзишӣ намоиш дода шуданд
Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи миллии илмҳо ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Суғд ба муносибати Рӯзи дониш ҳамоиш доир гардид
Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст
«БА ХОНАНДАГОН АХЛОҚИ НЕК ВА ОДОБУ РАФТОРИ НАМУНАВӢ МЕОМӮЗОНЕМ!». Бардошт аз оғози соли нави таҳсил
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввал садо дод
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш