Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд

Сентябрь 3, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян ва қадрдонӣ гардиданд. Ҷурахон Ҳаётов аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳамсари беҳтарин ва Карина Шоназарова аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввали озмун гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Озмунҳо дар доираи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуданд, ки далели тантанаи муваффақияту дастовардҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи эъмори давлату давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ мебошанд. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занонро дар асоси моддаи 17 кафолат дода, тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ зери ҳимояи худ қарор додааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки мустаҳкамӣ, пойдорӣ ва солимии оила ва аҳли хонавода фаъолияти меҳварии Кумитаро ташкил медиҳад. Ба хотири мустаҳкамии оила, тақвияти муносибатҳои созанда ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони соҳибхираду соҳибмаърифат ва ба ин васила коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ силсилачорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва иттилоотӣ доир гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намуданд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» низ ба баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва эҳтирому арҷгузории оила ба фарҳангу тамаддуни миллӣ мусоидат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ баргузор гардиданд. Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила баргузор мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд