ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобӣ нахустин бозӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 сентябр дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» нахустин бозӣ анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Непал соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 23-сола доир мегардад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо ҳамсолони худ аз Непал (3 сентябр), Филиппин (6 сентябр) ва Сурия (9 сентябр) бозӣ хоҳад кард. Ҳама рақобатҳо бо иштироки дастаи мо соати 21:00 оғоз мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






