ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар зеристгоҳи барқии «Ленинобод» трансформатори пуриқтидор насб карда шуд

Сентябрь 11, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини мунтазами барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар зеристгоҳи барқии «Ленинобод» трансформатори нави пуриқтидор насб гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин зеристгоҳ яке аз иншооти муҳими энергетикии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ солҳои охир сарборӣ дар зеристгоҳ афзуда, фаъолияти он ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Мақсад аз насби трансформатор баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи энергетикӣ, кам кардани хатоиҳои техникӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят бо барқ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 11, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст