Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2023-2024 эълон намуд. Дар айни замон барои иштирок дар ин озмун қабули ҳуҷҷатҳо давом дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифта, аз номинатсияҳои зерин: «Ихтироъкори беҳтарин» (аз 30-сола боло); «Ихтирои беҳтарин»; «Муассисаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотии беҳтарин дар самти ихтироъкорӣ»; «Лоиҳаи инноватсионӣ»; «Зеҳни сунъӣ: барномаҳои компютерӣ ва манбаъҳои маълумотӣ» иборат мебошад.
Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: (+992 37) 222-21-53; (+992) 100-01-50-50.
АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






