ПАХТА — ЗИРОАТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН. Барои ҳавасмандии марди деҳқон арзиши ин маҳсулот бояд баланд бардошта шавад

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус равона мешавад. Дар айни замон дар саҳроҳои мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Тибқи таҳлилҳо, солҳои охир дар ҷумҳурӣ нақшаи кишти пунбадони пурра иҷро намегардад. Кишоварзон омили бетаваҷҷуҳӣ ба кишти ин зироати стратегиро ба арзиши пасти харидорӣ намудани пахта вобаста медонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январи соли 2025 баргузор гардид, баён намуданд, ки «пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтакорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум мебошад». Сарвари давлат инчунин доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд, то ба истеҳсоли пахта диққати ҷиддӣ дода шавад.
Чаро нақшаи кишт ва ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро намешавад?
Солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши майдони кишт ва ҷамъоварии пахта ба қайд гирифта шудааст. Агар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли 2024 ҳамагӣ 254 ҳазор тонна пахта ҷамъ карда шудааст. Тибқи нақша, имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида мешуд, аммо кишоварзони мамлакат дар 175 057 гектар пунбадона кишт намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30 январи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли 2024 аз майдони 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май буданд, ки бинобар он кишти пунбадона тӯл кашид.
Дар робита ба кам гардидани ҳосили пахта Президенти Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат Амонулло Салимзода гуфт, ки яке аз сабабҳои он аз ҷониби кишоварзон риоя нагардидани агротехникаи парвариш аст.
Амонулло Салимзода иброз намуд, ки соли 2024 ягонакунӣ дуруст иҷро нашуд ва майдони ғизогирӣ барои пайдо шудани ғӯза кам шуд. Инчунин соли 2024 соли гармтарин дар таърих буд. Дар ин рӯзҳо кишоварзон обро зиёд истифода бурданд- аз боло гармӣ, аз поён об, дар байн буғ пайдо шуда, ҳосил талаф ёфт.
Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро мешавад?
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 11 сентябр кишоварзони мамлакат 85 ҳазору 315 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки дар як рӯз 6342 тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 107 ҳазору 255 нафар чинакчӣ ва ёрдамчиён барои ҷамъоварии пахта меҳнат доранд. Ба таҳлили коршиносони соҳа, барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта дар саҳро чинакчӣ намерасад.
Дар мамлакат 38 техникаи пахтағундор мавҷуд аст, ки то ҳоло 35 адади он омодаи кор аст. Вобаста ба талабот ҳоло 11 адади он дар саҳро кор мекунад. Оё 11 техникаи пахтағундор барои тамоми мамлакат кам нест?
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки норасоии техникаи муосири пахтағундор мушкили асосии соҳа арзёбӣ мегардад.
Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки ҳосили пахта имсол назар ба соли 2024 фаровон аст. Аз ин рӯ кишоварзон бояд рӯзҳои офтобиро самаранок истифода намуда, пахтаи дар саҳро бударо ҷамъоварӣ намоянд.
Ба таҳлили коршиносон, дар ҷумҳурӣ барои пайваста иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта имконият ҳаст. Роҳи асосии он дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа баланд бардоштани нархи хариди пахта мебошад.
Оё арзиши пахта хароҷоти истеҳсолиро таъмин менамояд?
Ба иттилои Зикриёхон Ҳайдаров, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд. Дар солҳои 1960 ва 1980 кишоварзони тоҷик аз ҳар гектар то 80-сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ менамуданд. Мушкилоти асосие, ки имрӯз мо дорем, ин бо арзиши паст харидорӣ кардани пахта мебошад. Зеро кишоварз давоми ҳафт ё ҳашт моҳ барои гирифтани ҳосил меҳнат ва хароҷот мекунад. Хароҷоти истеҳсоли соҳаи пахтапарварӣ хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои минералию маъдании органикӣ ва техникаи кишоварзӣ сарф мешавад.
Тибқи мушоҳидаҳо, арзиши хариди 1 килограмм пахта соли 2025 ба ҳисоби миёна 6-6,5 сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии он бояд 7-8 сомонӣ бошад, то хароҷоти деҳқон бароварда шавад. Агар нархи пахта ба танзим дароварда нашавад, дар натиҷа соҳаи пахтакорӣ зиёновар мегардад. Дар ҳамин ҳол нархи 1 тонна пахтаро дар ҷаҳон аз 1800 то 2200 долари амрикоӣ харидорӣ менамоянд.
Агар арзиши ин зироати стратегӣ баланд нашавад, ҳавасмандии кишоварзон барои кишти ин зироат дар солҳои оянда кам мешавад. Кишоварзон мегӯянд, ки муҳимтарин омили ҳавасмандсозии деҳқонон ба кишти пунбадона нисбатан баланд бардоштани нархи фурӯши пахта мебошад. Агар арзиш баланд шавад, ҳавасмандии кишоварзон низ бештар мегардад.
«Агар ин маҳсулот бо назардошти маҷмуи хароҷоте, ки марди деҳқон барои истеҳсоли пахта сарф намудааст, каме баландтар харидорӣ шавад, ҳавасмандии марди деҳқон зиёд шуда, майдони кишт бештар ва ҳосили хуб ҷамъоварӣ карда мешавад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Пахтакорӣ соҳаи муҳими стратегӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ аҳамиятноку сердаромад мебошад. Тоҷикистон мамлакате аст, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариши пахтапарварӣ аз дигар давлатҳо фарқ мекунад. Пас, мебояд барои ҳавасмандии марди деҳқон тамоми мушкилоти соҳа ба танзим дароварда шуда, арзиши пахта хароҷоти кишоварзро пӯшонад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»