Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд.
Доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80”, ташаббуси Дабири кул оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд.
Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии васеъ ба ин ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд.









Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






