Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд

Сентябрь 1, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз тамоюли афзояндаи тамосу мулоқот дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат намуданд.

Ҷонибҳо ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илму фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Аз лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон, ки дар пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гардишгарӣ, тиҷорат, нақлиёт, фарҳанг ва тиб нақши назаррасе гузоштааст, истиқбол карда шуд.

Атрофи вазъи кунунии мураккабу ноустувор ва пешгӯинашаванда дар Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар ин робита ба кишвари дӯст барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Маркази  зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос карда шуд.

 

Сентябрь 1, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд