Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳми худро мегузорад.
Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад.
Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологӣ (Data center), таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ аз самтҳои дигари ҳамкории стратегӣ номида шуд.
Ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика низ аз масъалаҳои авлавиятнок буд.
Тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.
Рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника ва сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Таъкид гардид, ки дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳар ду кишвар мавқеъи ҳамсон доранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






