Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти низомӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни таърихии 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии гвардия, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ — афсарону сарбозонро ба ифтихори 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидору имкониятҳои муосир ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ташкили ин ниҳоди муосири низомӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Гвардияи миллӣ бо мақсади ҳимояи истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, барои иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст.
Гуфта шуд, ки Гвардияи миллӣ мисли дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи барои кишвар басо вазнину ҳассос ва дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва саҳми ин ниҳод суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳайати шахсии гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва хизмати содиқона ба давлат, Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳифз намуд.
“Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хотиррасон карда шуд, ки афсарону сарбозони гвардия дар солҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, таъмин намудани сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ, сатҳи баланди касбият, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.
Дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир зарур шумурда шуд, ки ба хотири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои зикршуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида шавад.
Роҳбарияти Гвардияи миллӣ вазифадор гардид, ки риояи бечунучаро ва ҳатмии қонуният, тақвияти корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.
Дар Паради ҳарбӣ ба ифтихори таҷлил аз ин санаи муҳими таърихӣ беш аз 5 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот иштирок намуданд.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, дар тобеияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад ва аз ҷумлаи неруҳои захиравии Сарвари давлат ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуда буд.
Ҳайати шахсии Гвардия аз рӯзҳои аввал бо устуворию матонат ба иҷрои хизмат шуруъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони ҳарбу зарб ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон гардидааст.
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд.
Парвози тайёраҳои ҷангӣ аз болои маҳалли баргузории чорабинӣ, иҷрои бомаҳорати амалҳои мухталифи сарнишин ва ғурриши муҳаррики тайёра дар осмон ба паради низомӣ шукуҳи дигар бахшид.