Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Узбекистон масоили муқовимат ба ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ намуданд

Сентябрь 26, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон Нигматилло Юлдашев дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот дар доираи ҷаласаи 6-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Тошканд баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, алалхусус мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Прокурорҳои генералии ҳарду давлат сатҳи баланди ҳамкорӣ ва омодагиро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид намуда, содиқ будани худро ба принсипҳои эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ барои таъмини суботу амният дар минтақа тасдиқ карданд.

Мулоқот дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, нишони сатҳи баланди эътимод ва муносиботи нек байни Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид