Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ намуд

Сентябрь 16, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи — Раиси ҳизби халқии Аврупо, ҳамраиси ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ду ҳуҷҷати стратегӣ — Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ, соли 2004) ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул шуданд, равобити давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим намуда, муносибатҳои дуҷонибаро ба таври густурда таҳким мебахшад.

Изҳор карда шуд, ки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас мебошад.

Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсилию табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ гардид.

«Дар чаҳорчӯби барномаҳои мушаххаси дуҷониба ва байниминтақавӣ дар роҳи пешгирии таҳдидҳо Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб барои таъмини амнияти минтақавӣ якчанд лоиҳаро мувофиқи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) амалӣ менамояд, ки мо барои ин аз вакилони муҳтарам сипосгузорем»,- баён дошт Файзалӣ Идизода.

Муколама, ҷаласаҳои Шурои ҳамкорӣ, сафарҳои ҳайатҳо дар чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар шаклҳои дипломатияи байнипарлумонӣ, бахусус абзори мавҷуда ба рушди самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамоянд.

Бахусус ҷаласаҳои Кумитаи ҳамкорӣ, ки мунтазам баргузор мегарданд, метавонанд ба пешрафти муносибатҳои тарафҳо такони ҷиддӣ бахшанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон