Роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ пурра мумфарш гардида, мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ баъди пурра мумфарш гардидан мавриди истифода қарор дода шуд, итттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Зимни ба истифода додани ин қитъаи роҳ Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иброз намуд, ки «ин иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ таҷдид гардида, солҳои дароз ба сокинону меҳмонони мамлакат хизмат мерасонад. Мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз се даҳсола ба пешрафту комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, ки бозгӯи раванди ободонию созандагӣ дар мамлакат мебошад».
Роҳбарияти шаҳр бо сифати кори роҳсозон, дарозӣ, бару ғафсии роҳ, ҷӯйҳои обгузару обпарто шинос шуда, ба меҳнати роҳсозон баҳои баланд доданд.
Тибқи нақша, ҳафтаи равон дар роҳе, ки шаҳраки Шарораро бо пойтахт-шаҳри Душанбе мепайвандад, корҳои мумфаршкунӣ оғоз карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо дастуру супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад бо пойтахти мамлакат уҳдадор шуда буданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат роҳҳоеро, ки ин шаҳру ноҳияҳоро бо шаҳри Душанбе мепайванданд, таъмиру мумфарш намоянд.
Дар ин замина роҳбарияти шаҳри Ҳисорро зарур буд, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байнишаҳрии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа, Ҳисор-шаҳраки Айнӣ ва Шарора-шаҳри Душанберо дар масофаи умумии 21 километр таъмиру мумфарш намоянд.
Бо ин мақсад 23 апрели соли 2025 мумфаршкунии роҳи Ҳисор-Шарора-Чимтеппа ва 6 сентябри ҳамин сол бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ мумфаршкунии роҳи самти Ҳисор-Айнӣ-Душанбе (БДА) оғоз гардид.
Роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рус-Бахт» ин роҳҳоро бо сифати баланд мумфарш карда, дар муҳлати пешбинишуда ба истифода доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






