Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як кишвар на танҳо рамзи озодӣ, балки заминаи асосии рушду нумуи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард ва бо ин рӯйдод саҳифаи нави таърихи миллӣ боз шуд.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун олитарин дастоварди таърихии миллати тоҷик, роҳро барои ташаккули давлатдории муосир, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа боз намуд.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари мустақил дар масири устувори демократия ва дунявият ба пеш ҳаракат дорад.

Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадриҷан нақшаҳои муҳимми давлатӣ татбиқ карда мешаванд. Ҷиҳати рушди низоми маориф ва тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва ҳифзи оила ҳамчун пояи ҷомеа, тадбирҳои бузургу самаранок амалӣ мегарданд.

Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи  фарҳанг ва маънавиёт низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла 1100-солагии Давлати Сомониён, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, хусусан Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва ғайра дар ин давра барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозанд.

Яке аз вазифаҳои мушкилтарини давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол барқарорсозии иқтисод ва рушд додани он ба ҳисоб мерафт. Зеро солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар бисёр душвор буданд.

Аммо бо гузашти замон, бо талошҳои Роҳбарияти давлат ва иродаи мардуми тоҷик, Тоҷикистон тавонист аз ин буҳронҳо барояд ва заминаи устувори рушди иқтисодиро ба вуҷуд оварад.

Пас аз соли 1997 дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар солҳои 2000-ум як қатор барномаҳо ва стратегияҳо қабул гардиданд, ки ҳадафи асосии онҳо барқарорсозӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ буданд. Тоҷикистон тадриҷан ба иқтисоди бозорӣ ворид шуда, раванди хусусигардонии корхонаҳо вусъат ёфт. Бо мақсади таъмини тараққии бештар қонунгузории иқтисодӣ такмил дода шуда, заминаи дурусти фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шуд.

Илова бар ин, ҷиҳати ба вуҷуд овардани низоми бонкии муосир ва устувор гардондани арзиши пули миллӣ, назорати таваррум ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд.

Он солҳо бо мақсади танзими дурусти рушди иқтсодӣ санадҳои зарурӣ коркард ва қабул карда шуданд, ки барои пешрафти иқтисоди кившар мусоидат намуданд. Стратегияи миллии рушд барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд то соли 2015» ва «Стратегияи миллии рушд то соли 2030», ки ҳадафҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян мекарданд, қабул гардиданд. Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда шуд.

Бояд таъкид кард, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, зеро қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ислоҳоти замин, ворид намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, беҳтар намудани технологияҳои обёрӣ ва рушди пахтакорӣ ба пешрафти соҳа мусоидат карданд. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваҷот табдил ёфт.

Дар замони истиқлоли давлатӣ аз тарафи Пешвои миллат ҳадафҳои асосии стратегии кишвар муайян  гардида, ҷиҳати амалисозии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Бо дарки он ки соҳаи нақлиёт дар рушди иқтисодӣ нақши калиди дорад, Пешвои миллат баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарини стратегии давлат қарор доданд.

Ҳамин тавр, дар давоми се даҳсолаи истиқлол садҳо километр роҳҳои нав сохта шуда, даҳҳо нақб ва пул ба истифода дода шуданд. Иншооти муҳиме чун нақби «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва дигар роҳҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба шабакаи нақлиётии минтақавӣ пайвастанд.

Ҳадафи дигари стратегии давлат соҳаи энергетикаро дар бар мегирад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли неруи барқ дорад, дар давраи истиқлолият чандин нерӯгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва марҳалаҳои аввалини НБО «Роғун» сохта шуданд. Неругоҳҳои дигари барқию обӣ навсозӣ карда шуданд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро таъмин мекунад, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ нерӯи барқ содир менамояд.

Бо дарназардошти тараққиёти рӯзафзуни иқтисоди ҷаҳон ва талаботи кишвар Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати мамлакатро низ ҳадафи стретегӣ қарор дода, дар ин замина шароити мусоидро барои ҳалли ин вазифаи муҳим фароҳам оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои аввали истиқлол, саноат қариб пурра аз кор монда буд. Аммо имрӯз ба шарофати татбиқ гардидани сиёсати саноатикунонии босуръат, солҳои охир рушди назарраси иқтисодӣ ба назар мерасад. Имрӯз Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли алюминий, семент, коркарди маъданҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳои бузург дорад.

Бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи иқтисоди кившар тадбирҳои зиёди муосир андешида ва амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, имрӯз рушди бозори дохилӣ, ташаккули бозорҳои озод, афзоиши ширкатҳои хусусӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо иқтисоди Тоҷикистонро ба бозори ҷаҳонӣ пайвастанд. Имрӯз бахшҳои хизматрасонӣ ва туризм ба соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ табдил ёфтаанд.

Умуман, дар замони истиқлол ба шарофати татбиқ гардидани сиёсати дурусти Пешвои миллат, Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил шудааст. Аз ҷумла, афзоиши солонаи ММД ба ҳисоби миёна 6–7%, коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар солҳои 1990 то тақрибан 25–27% дар солҳои охир, сохтмони садҳо мактаб, беморхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ, рушди шабакаи энергетикӣ ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи барқ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ муҳимтарини онҳоянд.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти таҳким додани ҳамкории иқтисодӣ низ самаранок роҳандозӣ гардидааст.

Тоҷикистон бо даҳҳо кишвари хориҷи робитаҳои иқтисодии судмандро барқарор кардааст. Лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ бо сармоягузории давлатҳои хориҷӣ татбиқ шуданд. Тоҷикистон узви созмонҳои муҳимми иқтисодӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайраҳо мебошад. Ин ҳамкорӣ имкон фароҳам овард, ки кишвар ба бозори ҷаҳонӣ ворид шавад ва иқтисоди худро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ рушд диҳад.

Истиқлоли давлатӣ ва амалишавии сиёсати оқилона  барои Тоҷикистон имконият дод, ки иқтисодиёти миллии худро бар асоси манфиатҳои миллӣ ва бо назардошти шароити ҷаҳонӣ рушд диҳад. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, кишвар тавонист иқтисоди худро барқарор созад, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳамроҳ гардад.

Дастовардҳои иқтисодии замони истиқлол далели возеҳи сиёсати дурандешона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва мардуми шарифи кишвар  мебошанд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳдид ва рақобати шадид аст, Тоҷикистон бо такя бо захираҳои дохилӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва сиёсати хирадмандона, метавонад ояндаи иқтисодии худро боз ҳам бештар таҳким бахшад.

Дастовардҳо нишон медиҳанд, ки саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон тақдирсоз аст. Маҳз бо талошҳои Сарвари давлат аз вартаи ҷанг баромада, ба давлати мустақилу пешрафта табдил ёфт.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат — сулҳофар, ваҳдатсоз ва давлатсоз — омили асосии пойдории истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Тоҷикистон мебошад.

Фарида ҚУРБОНЗОДА,
ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад
Вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ