Сафири Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи корхонаҳои хурду миёнаи Корея мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Раиси Федератсияи корхонаҳои хурду миёнаи Корея Ким Ки-мун баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷалби корхонаҳои хурду миёнаи Кореяи Ҷанубӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон, инчунин саҳми ин федератсия дар амалисозии Ёддошти тафоҳуми низоми иҷозати шуғл (EPS) мубодилаи афкор намуданд.
Зимни шиносоӣ бо Федератсияи корхонаҳои хурду миёнаи Корея мусоҳибаи сафир бо рӯзномаи K-Biz News дар мавзуъҳои матраҳшуда доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд






