Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд

Сентябрь 3, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот карда, маҷмуи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлати мо роҳбарият ва мардуми Чинро бо солгарди 80-уми пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ва баргузорсозии бомуваффақияти чорабиниҳои пуршукуҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.

Роҳбари Парлумони Чин зимни баҳогузорӣ ба сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба бо кишвари мо, аз ҷумла изҳор дошт: “Чин ҳамеша дӯсти аз ҳама боэътимод ва шарики боварибахши Тоҷикистон хоҳад буд”.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мундариҷаи робитаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Чин барои Тоҷикистон дӯсти боэътимод, ҳамсояи нек ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад.

Ҷонибҳо муколамаи пайвастаи сиёсӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитариро муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҷамъиятии ду кишвар ба таври фаъол рушд меёбанд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика дар доираи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Тақвияти бомароми шарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ-Чин” махсус таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо иштироки сармояи чинӣ фаъолият дорад.

Истифодаи фаровони имкониятҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти аграрии Тоҷикистон ба Чин мувофиқи мақсад шумурда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, раванди рақамикунонии иқтисоди миллии Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи таҳсилот ва омода намудани мутахассисони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҳамчунин, атрофи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаи таъмини амният ва дастгирии доимии Чин аз пешниҳоду ташаббусҳои глобаливу минтақавии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Дар бинои Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ, ҳамчунин, хос ба ифтихори Пешвои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо ҳузури Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии (Парлумони) Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэҷи зиёфати расмӣ ороста шуд.

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи 03.09.2025

Сентябрь 3, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд