Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад

Сентябрь 9, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар барномаи фарҳангӣ суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар, Истиқлолият ва Ваҳдат аз ҷониби сарояндагон ва оҳангсозон иҷро карда мешавад. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ 34-солагии муқаддастарин ва шарофатмандтарин ҷашни миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таҷлил менамоянд.

Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои сиёсатмадорону зиёиён, олимону муҳаққиқон ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудаю ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ идома дорад.

Ҳар сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинад. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ҳузурашон дар арсаи сиёсӣ тавонист идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ