Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт

Сентябрь 8, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

34 сол мешавад, ки бо талошҳои хастанопазир, сиёсати дурандешонаву суҳҷӯёна ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавону тозаистиқлоли тоҷикон аз гирдоби ҷанг, буҳрону парокандагӣ наҷот ва пояҳои истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик дар руҳияи ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу суботи комил зиндагии зебои орому осударо ба сар бурда истодаанд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ин се арзиши муҳими асосии миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд.

Дар ин асно, Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду даҳсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад. Истиқлол волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлол чун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Даврони соҳибистиқлолӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ муайян гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳким ёбанд ва дар ин раванд соҳаи марбут ба истеҳсолоти иҷро дар заминаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо таҳкими аркони давлатдории миллӣ таъсис ва ташаккул ёфт.

Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон низ дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, мувофиқан амалияи татбиқи ҳуқуқ бо таваҷҷуҳ ба талаботи замони муосир ташаккул ёфта истодааст.

Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидани масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти судӣ ва дар ин замина иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда аз муҳиммияти самти истеҳсолоти иҷро дарак дода, ба зарурати таъсиси мақоми алоҳида дар симои Хадамоти иҷро асоси воқеӣ гузошт.

Ҳамин тариқ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи умумии воҳидҳои корӣ ба миқдори 378 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 46 воҳид таъсис дода шуда, минбаъд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 ва аз 25 июни соли 2024 33 воҳиди корӣ дар соли 2023 ва 40 воҳиди корӣ дар соли 2024 ҷудо гардид.

Айни замон дар байни мақомоти давлатӣ Хадамоти иҷро мавқеи намоёнро ишғол намуда, ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардонии сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Бо таъсис ёфтани мақоми ваколатдори давлатӣ дар назди он вазифаҳои басо муҳим, яъне мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани таҷрибаи давлатҳои пешқадам ва ба василаи он фароҳам овардани заминаҳои ташкилии кор дар самти ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро меистод, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар давра ба давра ҳалли худро пайдо намуд.

Дар як давраи кӯтоҳ такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории Хадамот, махсусан танзими хуқуқри самтҳои асосии фаъолият, ташаккули феҳристи қарздорон ва кор дар самти маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздорон, низоми муосири оғоз ва пеш бурдани истеҳсолоти иҷро, намуна ва тартиби истифодаи либоси хизматӣ аз ҷониби кормандони мақомот, додани рутбаҳои дараҷавӣ ба онҳо, ҷойгиркунонии воҳидҳои сохтории мақомот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардиданд.

Дар марҳилаи имрӯза қонунгузории соҳаи истеҳсолоти иҷро ва таҷрибаи амалии ин самти фаъолият ба таври муайян ташаккул ёфтааст ва раванди такмилдиҳии он бо дарназардошти талаботи замони муосир дар маркази таваҷҷуҳи масъулин қарор гирифтааст.

Таъсиси ниҳоди махсуси давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, ки ҳамчун яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокии татбиқи тадбирҳо дар самти иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, омода намудани мутахассисони касбии соҳа мусоидат намуд.

Яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти иҷро тибқи низомнома ташкили кори иҷрочиён, назорати таъмини иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро, қабул, ҷамъбаст ва таҳлил намудани ҳисоботи омории иҷрочиён, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷишҳо дар самти истеҳсолоти иҷро ва расонидани ёрии амалӣ ба иҷрочиён мебошад.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2022 дар истеҳсолоти иҷрочиён 42 004, дар соли 2023 – 38 055, соли 2024 – 42 567 ва нимсолаи якуми соли 2025 — 22 896 ҳуҷҷатҳои иҷро қарор дошт. Аз ин шумора дар соли 2022 — 34 577, соли 2023 — 31 741, соли 2024 — 35 341 ва нимсолаи якуми соли 2025 — 17 895 ҳуҷҷатҳои иҷро бо татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро аз солҳои пеш дар маҷмуъ 102 845 истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент то ба балоғат расидани фарзандони ноболиғ мавриди иҷрои давравӣ қарор доранд, ки дар таносуб бо шумораи иҷрочиён (305) сарборӣ ҳоло ҳам хело зиёд мебошад.

Бо такя ба ин таҳлилҳо, ба андешаи мо роҳи аз ҳама босамари ба шароити замони муосир мутобиқ сохтани самтҳои фаъолияти хизматӣ ин ба низоми рақамикунонӣ гузаронидани истеҳсолоти иҷро мебошад.

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Дар ҷаҳони муосири босуръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди давлатро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири идоракунӣ, коммуникатсия ва алоќа тасаввур кардан имконнопазир аст.

Бо мақсади ба таври воқеӣ ва пурсамар иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 дар бораи эълон намудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин бо дар назар доштани афзоиши талабот ба шаффофият, самаранокӣ ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи иҷрои истеҳсолоти иҷро, Хадамоти иҷро тадбирҳои ҷиддиро дар самти рақамикунонии соҳа роҳандозӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, тибқи фармоиши сардори Хадамот аз 19 феврали соли 2025, №60 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар сохтори Хадамот шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ташкил гардид. Ин иқдом ба манзури татбиқи амалии механизмҳои замонавии рақамӣ, коҳиш додани хароҷоти давлатӣ, баланд бардоштани суръати иҷро ва назорати муассир аз болои фаъолияти иҷрочиён равона гардидааст.

Хадамоти иҷро дар асоси сиёсати давлатӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Тартиби амалисозии лоиҳаи озмоишӣ вобаста ба ҷорӣ намудани низоми ситониши қарз тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.

Лоиҳаи мазкур ба танзими равандҳои рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, махсусан дар самти идоракунии қарзҳо ва таъмини ситониши саривақтии онҳо равона гардида, дорои аҳаммияти стратегӣ мебошад. Он на танҳо самаранокии фаъолияти иҷрочиёнро афзоиш медиҳад, балки боиси коҳиши хароҷоти маъмурӣ, шаффофияти равандҳо ва афзоиши воридоти молиявӣ ба буҷаи давлатӣ хоҳад шуд.

Натиҷаҳои интизоршавандаи иқтисодӣ ва таъсири мусбат ба буҷети давлатӣ аз натиҷаи тадбирҳои рақамикунонии истеҳсолоти иҷро чунин арзёбӣ мегарданд:

— коҳиши хароҷоти дастӣ ва маъмурӣ – бо рақамикунонии пурраи равандҳо зиёда аз 20% сарфаи хароҷот дар давоми соли аввали татбиқ пешбинӣ мешавад;

— афзоиши сатҳи ситониши қарз – таъмини саривақтӣ ва самаранокии иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро метавонад то 30% баланд гардида, афзоиши воридоти мустақим ба буҷети давлатиро таъмин намояд;

— тақвияти шаффофият ва коҳиши хавфи коррупсионӣ – ҳангоми истифодаи низоми автоматикунонидашуда;

— мусоидат ба рушди иқтисоди рақамии миллӣ ҳамчун зерсохтори муҳим дар низоми электронӣ ва ҳукумати рақамӣ;

— эътимоди бештари ҷомеа ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон;

— таъмини табодули мустақими иттилоот бо дигар сохторҳои давлатӣ;

— ташкили шабакаи ягонаи маълумотӣ, ки асоси муҳим барои таҳлили сиёсати ҳуқуқӣ ва таҳияи қарорҳои давлатӣ мегардад.

Дар доираи ин тадбирҳо ва бо мақсади мутамарказонидани низоми иттилоотии истеҳсолоти иҷро ва таъмини ҳифзи иттилооти шахсӣ ва давлатӣ, зарурати таъсиси раёсати рақамикунонӣ дар сохтори ваколатдори давлатӣ ба миён меояд, ки бояд фаъолиятҳои зеринро амалӣ созад:

— ҷамъоварӣ, таҳлил ва нигоҳдории маълумоти истеҳсолоти иҷро дар заминаи рақамӣ;

— таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷро тавассути платформаи ягонаи рақамӣ;

— фароҳам овардани дастрасии электронӣ барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҷиҳати пайгирии раванди иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро. Ин иқдом на танҳо шаффофиятро меафзояд, балки боиси коҳиши шиддати муроҷиатҳои ғайримақсаднок ва зиёдшавии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро мегардад.

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва шароиту имкониятҳои дар ин давра фароҳамовардашуда масъулини Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистонро водор менамоянд, ки пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд ва бо такя ба таҳлилҳои соҳавӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҷӯӣ карда, роҳҳои босамари ислоҳоти соҳаро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда пайдо намоянд.

Дар ин самт азму иродаи кормандони мақомот қавӣ буда, боварии комил дорем, ки ҷиҳати амалигардонии босифат ва саривақтии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро тамоми неруи зеҳнӣ ва иқтидори инсонӣ сарф хоҳад шуд.

Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дорад
МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад
Дар даврони истиқлоли миллӣ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст
МАОРИФ — ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Истиқлоли давлатиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир гардид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон