Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд

Сентябрь 24, 2025 09:44

ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи  иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии махсуси сатҳи баланд зери унвони «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки об дар ҳалли мушкилоти глобалии имрӯза нақши калидӣ дорад ва ҳамбастагии об, энергетика ва озуқаро ҳамчун имкони табдил додани хатарҳои марбута ба имконияти устувор унвон намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар бунёди иқтисоди «сабз» ва нақши калидии об дар ин раванд таъкид  намуд, ки ҳоло беш аз 98%-и неруи барқи мамлакат аз ҳисоби неруи обӣ тавлид мешавад.

Вазири корҳои хориҷӣ обро «бузургтарин ганҷи ҳаёт» номид ва мудирияти фарогири онро барои пешрафти ҷомеаҳо, рушди иқтисод ва ҳифзи экосистемаҳо дар саросари ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2025 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид