СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол озодии мутлақи сиёсӣ дар ҳифзи фарҳанг, забон, таърих, арзишҳои миллӣ ва масири ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик ва имконияти рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Маҳз бо истиқлол метавон дар самтҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо пешрафт кард. Истиқлолро бояд бо масъулият ва ҳисси баланди миллӣ ҳифз кард. Тавре таърих нишон медиҳад, танҳо бо садоқат ба Ватан метавон истиқлолро нигоҳ дошт ва онро ба наслҳои оянда интиқол дод.

Истиқлоли Тоҷикистон дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ба он соҳиб гардидааст. Барои ба даст овардани истиқлол як зумра фарзонафарзандони миллат, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштаанд.

Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд, «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандӯстӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Истиқлоли Тоҷикистон маънои соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад. Ин дастоварди таърихӣ имконият дод, ки миллат забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллиро рушд диҳад. Ҳамзамон истиқлол шароит фароҳам овард, ки мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад ва сиёсати хориҷии мустақилона дошта бошад.

Дар даврони истиқлол Тоҷикистон бо талошҳои пайваста барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва таҳкими субот кӯшиш мекунад.

Истиқлоли Тоҷикистон рамзи озодӣ ва худшиносии миллат аст. Маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъана ва таърихи миллӣ метавон истиқлолро устувор нигоҳ дошт. Ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ яке аз заминаҳои истиқлол мебошад. Ҳамкории халқ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси худшиносӣ барои муҳофизати истиқлол муҳим арзёбӣ мегардад.

Ободонӣ ва рушди иқтисодӣ яке аз дигар роҳҳое мебошад, ки метавонанд истиқлолро мустаҳкам намоянд. Тавассути рушди соҳаҳои иқтисодии мамлакат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ метавон устувории давлатро таъмин кард.

Маърифату таҳсил яке аз роҳҳои дигаре аст, ки дар ҳолати маърифатнокии миллат ва таҳсилоти хубу созгор метавон ҷомеаро мустаҳкам намуд. Он ба тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа кумак мекунад, то ки наслҳо бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба Ватан хизмат кунанд. Масъулияти баланди ҳар шаҳрванд аст, ки тамоми арзишҳои миллӣ ҳифз карда шаванд. Барои нигоҳ доштани истиқлол чораҳои зеринро амалӣ намудан аз аҳамият холӣ нест:

— ҳифзи арзишҳои миллӣ:  маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳо ва таърихи миллӣ метавон истиқлолро устувор нигоҳ дошт;

— таҳкими субот ва амният: беҳбуди вазъи амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткорӣ барои нигоҳ доштани сулҳ ва оромии мамлакат;

— рушди иқтисоди мустақил: истифодаи самараноки захираҳо, пешгирии фасод ва ташаккули иқтисодиёт барои устувории давлат;

— маориф ва фарҳанг: таҳсилоти босифат, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ;

— мубориза бо ҳар гуна таҳдидҳо: ҳамеша бояд омода буд ва дар муқобили таҳдидҳои хориҷӣ ё дохилӣ аз манфиатҳои миллӣ ва истиқлол ҳимоят кард;

— ҷонибдорӣ аз сиёсати давлат: ҳамкории фаъол бо ҳукумат, иштирок дар интихобот ва қабули қарорҳо барои рушди мамлакат;

— муносибати дӯстона бо кишварҳои дуру наздик: ташаккули муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои мустаҳкам кардани мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.

Ҳифзи истиқлол кори дастҷамъона аст, ки танҳо тавассути меҳнат, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ имконпазир гардидааст. Дар ин давра ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта шуда, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаи гузаштагон ҳифз гардид. Маърифату таҳсил баланд бардошта шуда, ҷавонон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо масъулиятшинос шуданд. Ҳамкории созанда ва сулҳомез тарғиб карда шуда, дар ҷомеа оромиву суботи пойдор ба вуҷуд омад. Ҷавонон  бо назардошти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва истиқлол дар ҳар кору амали худ аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоят намуданд.

Истифодаи нерую имконияти умумӣ, густариши ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳо ва тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи Истиқлоли комил ба вуҷуд меояд. Барои амалисозии он, қабл аз ҳама, Ваҳдати миллӣ шарт ва зарур аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид  намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, ормиву осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон — Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлол кӯшиш намудааст, то дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат шароити хуб муҳайё созад. Муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба даст омадаанд,: давлатдории миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, сиёсати хориҷии кишвар, рушди маориф ва ғайра мебошанд.

Дар шароити истиқлол давлати тоҷикон бо кишварҳо ва созмонҳо ба таври мустақилона ҳамкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, аз таҳдидҳо муҳофизат карда, мавқеи худро устувор нигоҳ доштааст. Истиқлол ба давлат имконият дод, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян намояд. Дар навбати худ, сиёсати хориҷӣ воситаи асосии нигоҳ доштани истиқлол гардид. Ҳамкории мутақобили судманд бо дигар давлатҳо ва ташкилот ба рушди устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ
«Ховар»,

Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 7 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар ноҳияи Роштқалъа иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба муносибати Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад
Дар шаҳри Бӯстон беш аз 17 километр роҳ таъмиру мумфарш гардидааст
Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 давлати ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд