Сокинони ноҳияи Шаҳринав соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон-«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тақдими китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 18 ҳазору 129 оилаи ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тақсими шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома» ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, идома дорад. Тақсими ин шоҳасар бо дастури Сарвари давлат ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ гардид.
Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар хонавода туҳфа гардидани ин китоб иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила таъсир мерасонад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






