Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Бишкек муаррифӣ гардид

Сентябрь 11, 2025 15:42

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти  рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ  дар Конфронси  байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки дар пойтахти Қирғизистон –шаҳри Бишкек баргузор шуд, муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар радифи  коршиносон ва намояндагони мақомоти гумруки 9 давлати ҷаҳон ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.

Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ  намояндагони мақомоти гумруки кишварҳои ҷаҳон таҷриба ва дастовардҳояшонро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои марбут ба идоракунии хавфҳо, рақамикунонӣ, гумруки ҳушманд ва татбиқи технологияҳои навин дар фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати Тоҷикистон зимни баргузории конфронс таҷрибаи мамлакатро дар самти модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, махсусан истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми идораи таваккал муаррифӣ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040», Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва «Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумрук барои солҳои 2025–2029» унсурҳои зеҳни сунъиро тадриҷан ба раванди гумрукӣ ворид менамояд.

Иштироки мутахассисони миллӣ дар чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи кишварҳои пешсаф мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти рақамӣ дар фаъолияти гумрукӣ замина фароҳам гардад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2025 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд