Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гардидаанд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк изҳор намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамзамон афзуданд, ки «мамлакати мо низ, ки 93 фоизи ҳудудаш аз кӯҳистон иборат аст, аз пайомадҳои манфии ин раванд эмин нест».
Тағйирёбии даври гидрологӣ ва обхезию хушксолиҳои пайдарпай, инчунин хокборишҳои шадид давоми чанд даҳсолаи охир ба захираҳои обию энергетикӣ ва амнияти озуқавории Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонанд.
«Мо бар асари офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола зарари ҷиддии моддӣ ва молиявӣ мебинем. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо дар аксар маврид боиси талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд»,-таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






