Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад

Сентябрь 24, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад. Ин суханонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд.

Сарвраи давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки «мамлакати мо дар доираи ибтикори навбатияш дар соҳаи об дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ меандешад».

«Ман аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоям, ки дар кори чорабинии навбатии «Раванди оби Душанбе» — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошанд. Ин чорабинӣ, бешубҳа, ба идомаи азму талошҳои муштараки мо дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об такони тоза хоҳад бахшид»,- афзуданд Сарвари давлат.

— Мо боварӣ дорем, ки он ҳамчунин барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милал дар шаҳри Душанбе заминаи устувор мегузорад, — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон