Тоҷикистон ва Гурҷистон имконияти нави ҳамкорӣ байни минтақаҳои ду давлатро баррасӣ намуданд

Сентябрь 11, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо иқоматгоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон бо губернатори минтақаи Кахетия Георги Аладашвили ва раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Автономии Аҷария Сулхан Тамазашвили мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо минтақаҳои Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зарурати густариши ҳамкорӣ  дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд