ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1130 то 0.1105 сомонӣ муқаррар шудааст

Сентябрь 22, 2025 08:05

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.4276 сомонӣ;

1 евро – 11.0812 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1130 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 9.4276 то 9.4500 сомонӣ;

1 евро аз 11.0812  то  10.8500 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1130 то 0.1105 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Сентябрь 22, 2025 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш