СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар вилояти Суғд сохтмони корхонаи азими саноатӣ – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик» идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, имсол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Шоқадамбулоқ санги асоси ин иншооти муҳим гузошта шуд. Он оғози марҳалаи нав дар рушди соҳаи саноати маъдан ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 700 сохтмончии маҳаллӣ ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд. Лоиҳа бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти ёрирасон, се бинои баландошёнаи маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхонаро дар бар мегирад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 150 техникаю таҷҳизоти пуриқтидор ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Корхона дар ду марҳила сохта мешавад- дар марҳилаи аввал то соли 2027 он мавриди истифода қарор гирифта, дар марҳилаи дуюм то соли 2031 пурра ба истифода дода мешавад.
Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоиз-ро ташкил дода, дар баробари маъдани оҳан маъданҳои сиёҳ ва ранга низ коркард хоҳанд шуд. Қисми зиёди маҳсулот ба содирот равона гардида, боқимонда дар бозори дохилӣ истифода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






