Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандону табибони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд

Сентябрь 2, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 1 то 10 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо  интихобкунандагон мулоқот менамоянд. Дар доираи ин вохӯриҳо 1 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону табибон ва ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи клиникавии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ба номи С. Урунов вохурӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар вохӯрӣ муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода иштирок намуданд.

Давоми  даҳ рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вакилони Маҷлиси намояндагон зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон-шаҳрвандони гуногункасб оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сухан мегӯянд.

Ҳамзамон маълумот оид ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат пешниҳоди интихобкунандагон гардонида мешавад.

Вакилони мардумӣ дар ҳар нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилияшон ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 2, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад