Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд

Сентябрь 3, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода бо интихобкунандагон   баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Шермуҳаммад Шоҳиён бо интихобкунандагон оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз суҳбат намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода оид ба рушди бесобиқаи мамлакат давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки  сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба ҳозирин маълумот дод.

Иброз гардид, ки маҳз таҳти роҳбарию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд. Инчунин барои пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид