Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё байни наврасон ғолиб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
11 сентябр, дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.
Мадина дар даври финалии мусобиқа дар як рақобати тӯлонӣ, ки то вақти тиллоӣ давом кард, ба муқобили Нигина Умирзакова аз Узбекистон бо имтиёзи вазарӣ ғалаба кард.
Мадина Қурбонзода бо ин медали тилло номашро дар таърихи ҷудои тоҷик сабт намуд ва аввалин ҷудокорзани тоҷик гардид, ки дар Чемпионати Осиё байни наврасон соҳиби медали тилло шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






