Вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба воситаи интернет ва дигар абзорҳои ахбори умум воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа барои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатарзо мебошанд.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистон овард.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Сию чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басе орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат давоми асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат намудааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.
Худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот мебахшад
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардид, ки боиси ифтихори ҳар қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Тафаккури таърихӣ имкон медиҳад, ки барои моҳияти ҳодисаҳо, мазмунан дуруст дарк кардани рӯйдодҳои пешин ва бардошти сабақи дуруст барои имрӯзу фардо тасмимҳои бехато ва дуруст гирифта шаванд.
Дар таърих борҳо шудааст, ки худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидааст. Агар миллат ва фардҳои он маърифати таърихии маънавиасос дошта бошанд, бо донишу илмҳои пешқадами замон мусаллаҳ гарданд, пас, ин гуна миллат аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мушкил баромада метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки маънавиёт шаҳсутуни худшиносист.
Худшиносии миллии даврони истиқлолияти давлатӣ ва худшиносӣ дар умум дар заминаи шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, диниву мазҳабӣ, дар асоси шинохти хусусияти миллӣ, дарки мазмун, моҳият ба шакли дурусти мусбат амалӣ мешавад.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо марҳалаи нав аст. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ва ҷашну маросимамонро эҳтиром намоем.
Худшиносӣ асоси илмӣ дорад. Агар худшиносии ҳар тоҷик аниқ ташаккул ёбад, пояи илмӣ дошта бошад, он гоҳ фард-фарди тоҷикон таъриху забони ватанашонро меомӯзанд ва дӯст медоранд. Ватанро мисли модар бояд дӯст дошт ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кард. Имрӯз раванди умумиҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ ба воқеият табдил ёфтааст. Қисме аз ҳамватанони мо ба зарурати рӯзгор дар Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба ҳайси муҳоҷири корӣ кор мекунанд. Аз онҳо пурсед, ҳатман аз сӯзу сози Ватан ва фироқи он ҳарф мезананд. Охир, қиблаи мусофир Ватан аст! Руҳаш, чашмонаш, дилаш пазмони Ватан аст.
Дар назди таърих сию чор сол муҳлати андак аст, аммо барои давлату миллати тоҷик ин давра ҳамчун таърихи даврони истиқлолият унвон мешавад. Таърихе, ки пур аз ифтихор ва талошу меҳнати бунёдкорона барои пойдории Истиқлолияти давлатию миллӣ аст. Миллати тоҷик, ки баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлат гардид, бо шарофати заҳмати софдилона дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба дастовардҳое ноил шуд, ки давоми садсолаҳо ба даст наоварда буд.
Истиқлолият-рамзи соҳибдавлатии миллати тоҷик
Дар шароити вазнини таърихӣ, яъне, вобаста ба мушкилиҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ халқи тоҷик бояд Истиқлолияти мамлакатро дифоъ мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт…. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад… Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки тибқи он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ, дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Давоми сию чор соле, ки Тоҷикистон бо усули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳукумат мекунад, ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.
Таърихи башар шоҳид аст, ки дар зарфи ҳазорсолаҳо давлати тоҷикон давраҳои шикасту барҳамхӯриҳоро пушти сар намуда, ҳар дафъа аз сари нав, мисоли мурғи Самандар аз хокистари таърих эҳё мешуд. Ин тақдири таърихии миллати мост, ки ҳеҷ халқи дигаре бо чунин рисолат ифтихор карда наметавонад. На Искандари Мақдунӣ, на Қутайба ва на Чингизхон азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории тоҷиконро шикаста натавонистанд.
Роҳи тайнамудаи сиву чорсоларо пеши назар гузаронида, бармало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Умри Истиқлоли давлатии мо сиву чор сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои аввалини давлатҳоро барои башарият эҷод намуданд.
Муддати 33 соли баъди баргузории Иҷлосияи шонздаҳум барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони худшиносӣ, ҳувият, ободонию фарҳангсозӣ ба шумор меравад.
Масъалаи меҳварӣ, дастоварди арзишманде, ки боиси ифтихору побарҷойии миллати мо дар охири асри XX гардид, ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки миллати мо аз уҳдаи он сарбаландона баромада тавонист. Вазифаи дигари бисёр муҳим барқарор намудани ниҳодҳои асосии давлатдорӣ ба шумор мерафт ва он кори осон набуд. Барқарор намудани ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз вазифаҳои мушкил маҳсуб меёфт. Ин ниҳодҳои муҳимми давлатӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба зудӣ эҳё гардиданд.
Истиқлол аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ чунин маънӣ дорад, ки миллати тоҷик баъди муддати тӯлонии таърихӣ соҳиби давлати миллӣ гардид. Ва ин миллат сохти дунявии давлатдориро интихоб намуд. Давоми таърих ин миллат дар сохтҳои сиёсии гуногун зиндагӣ намуда, суду зиёни онҳоро дар хотираи таърихии худ нигоҳ доштааст. Ин миллати бостонӣ дар давлатҳое, чун аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шуравӣ ба сар бурдааст ва таҷрибаи онро дар кулвори таърихаш нигоҳ медорад. Ҳамин таҷрибаи таърихӣ асос шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлати миллии дунявиро интихоб намуданд.
Масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат
Маънии истиқлолро имрӯз ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ба андешаи мо, шарҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳи дақиқ аст. Сарвари давлат мегӯянд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷамеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дорои ҳама аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуду фарҳанг, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ арзи ҳастӣ дорад, ки боиси ифтихори мо мебошад.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад ва бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сафорати кишвари хориҷӣ, 57 намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон имрӯз аъзои зиёда аз 80 ташкилоти байналмилалӣ аст.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибистиқлол дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ки ҷавҳари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, аъзои беш аз 170 конвенсияи амалкунандаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкории судмандро дар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат тадбиқ менамоянд. Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз соҳибистиқлол аст ва бад-ин симмат роҳу равиши тараққиёт, пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустақилона амалӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудаи ҷуғрофиест, ки дар он халқияту миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам зиндагӣ ва фаъолият доранд ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамватан, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд. Зеро ҳаводиси хунине, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, бори дигар собит менамоянд, ки ҳамраъйии шаҳрвандони мамлакат ва муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст.
Сарфи назар аз мухталифии афкори сиёсӣ ва фарқи зиёд дар сатҳи зиндагиву вазни иҷтимоӣ моро бояд як чиз муттаҳид намояд–масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат. Бояд ҳамеша дар ёд дошт– барои мо вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест!».
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон