Вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносону рӯзноманигорон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа, таҳлили натиҷаҳои нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ва самаранокии нишастҳои матбуотӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир дастрасӣ ба иттилоот яке аз меъёрҳои калидии ҷомеаи демократӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дониста мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарурати шаклгирии фазои иттилоотии шаффоф ва мутобиқшавӣ ба талаботи ҷомеаи рақамӣ якчанд ислоҳот ва иқдоми муҳимро дар самти таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ба роҳ монд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сатҳи қонунгузорӣ, рақамисозӣ ва сиёсати иттилоотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки қонуни махсус дар бораи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоотро қабул намуд. Ин қонун ба шаҳрвандон имкон дод, ки марбут ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ тавассути воситаи ахбори омма ва дигар манбаъҳо иттилоъ дарёфт намоянд. Қабули қонунҳои муосир, татбиқи ҳукумати электронӣ ва рушди расонаҳои рақамӣ нишондиҳандаи таҳаввулоти ҷиддии иттилоотӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки нишастҳои матбуотӣ яке аз абзори муҳим дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, робитаи он бо ҷомеа ва расонаҳо мебошанд. Ин нишастҳо имкон медиҳанд, ки мақомоти давлатӣ ба мардум ҳисобот диҳанд, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гӯянд ва ба самтҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ равшанӣ андозанд.
Дар ҳамоиш бо мақсади муайян намудани сатҳи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, қобилияти касбии онҳо ва инчунин ҳавасмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар расонидани иттилоот ба ҷомеа раванди баргузории нишастҳои матбуотии чанде аз ниҳодҳои давлатӣ таҳлил гардида, тавассути слайдҳо рӯнамоӣ гардид.
Иштирокдорон зимни саволу ҷавоб пешниҳодҳои худро вобаста ба баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо баён намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро ба манфиати кор донистанд.
Таъкид шуд, ки дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва болоравии нақши воситаҳои ахбори омма нишастҳои матбуотӣ ҳамчун намунаи самараноки робитаи давлат бо ҷомеа ва платформаи мубодилаи иттилоот нақши муҳим доранд. Онҳо имконият медиҳанд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ бо рӯзноманигорон ва ҷомеа муколамаи мустақим анҷом диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






