Вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 23, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ,  коршиносону рӯзноманигорон ва созмонҳои байналмилалӣ  иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа, таҳлили натиҷаҳои нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ва самаранокии нишастҳои матбуотӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир дастрасӣ ба иттилоот яке аз меъёрҳои калидии ҷомеаи демократӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дониста мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарурати шаклгирии фазои иттилоотии шаффоф ва мутобиқшавӣ ба талаботи ҷомеаи рақамӣ якчанд ислоҳот ва иқдоми муҳимро дар самти таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ба роҳ монд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сатҳи қонунгузорӣ, рақамисозӣ ва сиёсати иттилоотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки қонуни махсус дар бораи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоотро қабул намуд. Ин қонун ба шаҳрвандон имкон дод, ки марбут ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ тавассути воситаи ахбори омма ва дигар манбаъҳо иттилоъ дарёфт намоянд. Қабули қонунҳои муосир, татбиқи ҳукумати электронӣ ва рушди расонаҳои рақамӣ нишондиҳандаи таҳаввулоти ҷиддии иттилоотӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки нишастҳои матбуотӣ яке аз абзори муҳим дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, робитаи он бо ҷомеа ва расонаҳо мебошанд. Ин нишастҳо имкон медиҳанд, ки мақомоти давлатӣ ба мардум ҳисобот диҳанд, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гӯянд ва ба самтҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ равшанӣ андозанд.

Дар ҳамоиш бо мақсади  муайян намудани сатҳи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, қобилияти касбии онҳо ва инчунин ҳавасмандии роҳбарони  сохторҳои давлатӣ дар расонидани иттилоот ба ҷомеа раванди баргузории  нишастҳои матбуотии чанде аз ниҳодҳои давлатӣ таҳлил гардида, тавассути слайдҳо рӯнамоӣ гардид.

Иштирокдорон зимни саволу ҷавоб пешниҳодҳои худро вобаста ба баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо баён намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро ба манфиати кор донистанд.

Таъкид шуд, ки дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва болоравии нақши воситаҳои ахбори омма нишастҳои матбуотӣ ҳамчун намунаи самараноки робитаи давлат бо ҷомеа ва платформаи мубодилаи иттилоот нақши муҳим доранд. Онҳо имконият медиҳанд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ бо рӯзноманигорон ва ҷомеа муколамаи мустақим анҷом диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст